Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛКУНОВ Лев Николаевич

ТОЛКУНОВ Лев Николаевич

tolkunov-ln

ТОЛКУНОВ Лев Николаевич (таваллуд 22. 1. 1919, ст. Букраевкаи вилояти Курск), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, номзади илмҳои таърих (1968). Аъзои КПСС аз соли 1943. Мактаби олии партиявии назди Комитети Марказии ВКП(б)-ро хатм кардааст (1946). Солҳои 1938—44, 1946—47, 1951—57 дар «Правда» (ходими адабӣ, мухбири ҳарбӣ ва махсус, ҷонишини муҳаррир ва муҳаррири шӯъба) кор кардааст. Солҳои 1947—51 ҷонишини котиби масъул, мудири шуъбаи редаксияи газетаи «За прочный мир, за народную демократито!» буд. Солҳои 1957 —65 дар аппарати Комитети Марказии КПСС кор кардааст. Солҳои 1965—75 сармуҳаррири газетаи «Известия», 1976—84 раиси правленияи Агентии навигариҳои матбуот (АПН) буд. Апрели 1984 дар Сессияи 1-уми Совети Олии СССР (даъвати 11) Раиси Совети Иттифоқи Совети Олии СССР интихоб шуд. Аз соли 1966 номзад ба аъзоии Комитети Марказии КПСС, аз 1976 аъзои Комитети Марказии КПСС. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 7—11). Бо 2 ордени Ленин ва 4 ордени дигар мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …