Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛИБОВ Абдурраҳмон Наҷҷорзода

ТОЛИБОВ Абдурраҳмон Наҷҷорзода

ТОЛИБОВ Абдурраҳмон Наҷҷорзода, Толибӣ (1834, Табрез-1911, шаҳри Темурхоншӯра, ҳозира Буйноқи Республикаи Автономии Совети Сотсиалистии Доғистон), нависандаи эронӣ. Пас аз касби камол (дар Табрез) ба Темурхоншӯра кӯчида, то охири умр он ҷо монд.
Муаллифи асарҳои бадеию публисистии «Сафинаи Толибӣ ё Китоби Аҳмад» (1894), «Масоил-ул-ҳаёт ё Китоби Аҳмад» (1906). Маърифатпарвар буд. Ислоҳи хати арабиасоси форсӣ ва босавод шудани мардумро мехост. Сиёсати зиддихалқии ҳукумати подшоҳии Эрон, истисморгарони аҷнабиро танқиду мазаммат кардааст (повести «Масолик-ул-мӯҳсинин», 1905). Афкори ахлоқиаш ба шакли андарз — насиҳати падар ба фарзанд ифода шудаанд. Асарҳои Толибов дар Осиёи Миёна, дар байни маорифпарварони тоҷик ва зиёиёни тозафикр машҳур буданд.
Адабиёт: Шойтов А. М., Идеи просветителства в персидской литературе конца XIX век, дар китоби: Просветительство в литературах Востока, Москва, 1973.
Д. Икромӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …