Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛИБ Хоҷа Ибодуллоҳ

ТОЛИБ Хоҷа Ибодуллоҳ

ТОЛИБ Хоҷа Ибодуллоҳ (соли таваллуд номаълум — вафот 1802, Истаравшан), шоири тоҷик. Аз оилаи Хоҷа Мӯсо (вафот 1733) ном шоирест. Шеъру шоириро дар маҳфили адабии падараш омӯхтааст. Толиб шоири соҳибдевон будааст, вале девонаш дастрас нагардидааст. Аз ӯ 70 ғазал, 5 мухаммас ва 7 рубоӣ боқист. Абёти зерин аз ӯст:
Аз каманди ҳалқаи зулфи ту берун дил намонд,
Оташи ишқи ту дар ҳар ҷост, по дар гил намонд.
Хомӯшӣ қуфл аст бар ганҷинаи асрори дил,
Аз насими гуфтугӯ шамъе дар ин маҳфил намонд.
Барқи сайрон дар биёбони фано бе ҷисму ҷон,
Ҷумлагӣ рафтанд, нақши пой дар манзил намоид… С. Султонов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …