Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТОКСИКОЗ

ТОКСИКОЗ

ТОКСИКОЗ (аз юн. (tохikon — заҳр, як навъ масмумият), ҳолати бемориест, ки дар натиҷаи ба организм таъсир намудани заҳрҳои беруна (экзогенӣ, масалан, микробҳо) ё моддаҳои зарарноки дар худи организм ҳосилшуда (масалан, ҳангоми токсикозҳои ҳомилагон, тиреотоксикоз) ба вуҷуд меояд. Токсикози ҳомилагон бемориест, ки дар организми зан ҳангоми ҳомилагӣ ё зоиш (баъзан) пайдо шуда, одатан баъди таваллуди кӯдак қатъ меёбад.

toksioz

Токсикози ҳомилагон бармаҳал (қай, аз ҳад зиёд қай кардан, рафтани оби даҳон) ва бемаҳал (истисқои ҳамл, нефропатия, преэклампсин ва эклампсия дар нимаи 2- юми давраи ҳомилагӣ) мешавад. Дар сурати беист қай кардан (бештар аз 20 маротиба дар як шаборӯз, ки боиси тез харобу беобшавии организм мегардад), инчунин ҳангоми Токсикози бемаҳал беморро зуд ба касалхона бурдан шарт аст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …