Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТОКДОРӢ – токпарварӣ

ТОКДОРӢ – токпарварӣ

ТОКДОРӢ, токпарварӣ, 1) як соҳаи ҳоҷагии қишлоқро гӯянд, ки ба парвариши ток машғул аст. Токдорӣ аҳолиро бо ангуру мавиз ва саноати майкашию консервро бо ашён хом таъмин менамояд. Токдорӣ аз қадимулайём маълум аст. Дар давраи энеолит ва асри биринҷӣ токи худруи европоиро мепарваридаанд. Дар ҳудуди Закавказия, Осиёи Миёна ва ноҳияҳои наздики Осиёи Пеш ҳазорҳо сол пеш аз мелод ток маъмул будааст. Дар Осиёи Миёна Токдорӣ соҳаи қадимаи боғдорӣ мебошад. Асрҳои 5—8 Токдорӣ махсусан дар Истаравшан (Уротеппаи ҳозира), Самарқанд, Панҷакент ва Фарғона равнақ доштааст.

angur

Бино ба ҳуҷҷатҳои таърихӣ дар асрҳои 4—3 то мелод суғдиён ва бохтариён навъҳои ангури донакалон ва сершираро мепарвариданд. То Револютсияи Октябр Токдорӣ асосан дар ноҳияҳои Уротеппа (беш аз 3000 га), Хуҷқанд (700 га), Ҳисор (700 та) ва Панҷакент (400 га) вусъат ёфта буд. Солҳои Ҳокимияти Советӣ Токдорӣ хеле тараққӣ кард. Токзори республика аз 8,2 ҳазор га(1940) ба 28 ҳазор га (1980) расид. Ҷамъоварии умумии ангур 3,5 ва хариди давлатии он 19,3 баробар афзуд. Ҳосилнокии ҳар га токзор аз 26,3 ба 97,0 с расид. Хоҷагиҳои вилояти Ленинобод 11,9; Кӯлоб 3,8; Қӯргонтеппа 3,6 ва ноҳияҳои тобеи республика 4,5 ҳазор га токзори истеҳсолӣ доранд. Дар колхозҳо 3,8 ва совхозҳои махсуси боғу токдорӣ 16,3 ҳазор га токзор ҳаст.
Токдорӣ соҳаи сердаромади хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон аст. Шароити хок ва обу ҳавои Тоҷикистон барои парвариши навъҳои пешпазак ва дерпазаки ангури тархӯрии чиллагии сафед, чиллагии сурх, дороӣ, афшон, ҳусайнӣ, диликафтар, шатсарангур, ҷавз, тоифии сурх, нимранг, навъҳои сершираи мавизбоб мусоид аст. Аз ин рӯ ҳангоми токшинонӣ ба 60—80% токзор навъҳои ангури тархӯрию мавизӣ мешинонанд. Дар ноҳияҳои Уротеппа, Ғончӣ, вилоятҳои Қӯрғоптеппаю Кӯлоб, ки шароити иқлимашон барои истеҳсоли мавиз мувофиқ аст, бештар навъҳои ангури мавизии нимрант, ҷавз, каттақӯрғонӣ, кишмиши сиёҳ парвариш мекунанд.

angur1

2) Илмест (фасли растанипарварӣ) дар бораи хусусиятҳои биологии ток ва усулҳои токдорӣ. Аз фаслҳои муштарак (масъалаҳои биология, экология ва агротехникаи токро меомӯзад), ҷузъӣ (агротехникаи токро дар шароити гуногуни хоку иқлим, инчунин гармхона тадқиқ мекунад), ампелография (илмест дар бораи навъу намудҳои ангур) ва селекцияи ангур (руёнидани навъҳои нав) иборат аст.
Дар инкишофи Токдорӣ олимони Институти боғу токдорӣ ва сабзавогкории Тоҷикистон ва филиали дар Ленинобод будаи он, институтҳои хоҷагии қишлоқ ва хокшиносӣ саҳми арзанда доранд. Дар асари 10-ҷилдаи «Ампелографияи СССР» 2600 навъи ангур тавсиф ёфтааст.
Адабиёт: Шукуров Н., Токпарварӣ дар заминҳон санглох, Душанбе, 1965; ҳамон муаллиф, Токбурӣ ва ҳосил, Душанбе, 1971; Кириллов И. Ф. ва дигарон , Виноградарство Таджикистана, Душанбе, 1970; Мержаниан А. С., Виноградарство, Москва, 1975.
Н. Шукуров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …