Маълумоти охирин

ТОҚ

tok

ТОҚ, 1) сақфи камонакшакли нимгумбаз, ки дар пӯшиши боми масҷид, мадраса, мақбара, ҳаммом ва ғайра истифода мешавад. Дар девори баъзе биноҳои пешина Тоқҳои чуқур мегузоштанд, ки дар натиҷа хона шакли чилликӣ гирифта (чортоқ), сатҳи он фарохтар мешуд. Тоқҳои сатҳӣ (Тоқи рӯяк, ки барои ороиш дар девор, устувона, намои иморат ва ғайра мегузоранд), дарозрӯя (тоқҳои даромад), қиррадор (асосан меҳроби масҷидҳо ё қисми болои пештоқ) мешаванд. 2) Бинои мураккабсохти бисёргунбаза (дар байн гумбази толори маркази, дар гирдогирдаш иморати нисбатан паст), ки дар дохилаш дӯкони растаҳои савдо ҷой мегирифтанд.
Р. Додобоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …