Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОҶУДДАВЛА

ТОҶУДДАВЛА

ТОҶУДДАВЛА (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоираи тоҷик (асри 19). Дар ноҳияи Ғарм (ҳозира раёнини Ғарми Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон) ба дунё омада, дар ҳамон ҷо хату савод баровардааст. Сипас фаъолияти эҷодии ӯ дар дарбори бекҳои Дарвозу Қаротегин ҷараён гирифтааст. У шоираи хушбаёну нозуктабъ ва мутрибаи хушовозе будааст. Аз осори Тоҷудавла ғазалҳо аз рубоие дар бораи Қалъаи Хум дастрас гардидаанд. Абёти зер аз ашъори ӯст:
Агар ба бод диҳам зулфи анбаросоро,
Ба доми хеш кашам оҳувони саҳроро.
Агарчи кабкхиромам, валек шаҳбозам,
Ба пои ман нарасад даст ҳеҷ анқоро.
Агар ба талъати хубам назар кунад Юсуф,
Дигар ҳавас накунад дидани Зулайхоро
Чу Тоҷуддавла нишон шуд, ки хубрӯёнам,
Сабо зи толеи ман мужда деҳ шаҳаншоро.
Адабиёт: Тоҷӣ Усмон, Бисту се адиба, Сталинобод, 1057.
У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …