Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТОҶИКОН

ТОҶИКОН

ТОҶИКОН, миллат, аҳолии асосии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. Дар СССР шумораашон 2898 ҳазор нафар (1979); аз ҷумла дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон 2237 ҳазор нафар, дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон (асосан дар вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Сурхондарё, Қашқадарё, Фарғона, Андиҷон, Намангон ва Тошкент) 595 ҳазор нафар, дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Қирғизистон (вилояти Уш) 23 ҳазор нафар.  Шумораи зиёди Тоҷикон дар хориҷа, бештар дар Афғонистони Шимолӣ ва Марказӣ, музофоти Хуросони Эрон, инчунин дар райони мухтори Уйғур (Синзиян)-и Ресспубликаи Халқии Хитой зиндагӣ мекунанд. Тоҷикон ба забони тоҷикӣ (порсии дарӣ), мардуми Бадахшон ва Яғноб инчунин дар оила ба забону шеваҳои махсуси гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ гап мезананд. Диндорон асосан мусулмонони суннимазҳабанд, як қисмашон шиамазҳаб буда, диндорони Бадахшон пайрави мазҳаби исмоилияанд.

tajiki

Ибтидои этногенези халқи тоҷик ба замонҳои қадимтарин тааллуқ доранд, ки он вақт дар Осиёи Марказӣ ва даштҳои Евросиё қабилаҳои ҳиндуэронӣ маскун буда, дар ҳазораи 2—ибтидои ҳазораи 1 то мелод аз онҳо дар воҳа, водӣ ва даштҳои Осиёи Марказӣ қабилаҳои эронӣ ташаккул ёфтаанд. Аз онқо дар қаэораи 1 то м. аҷдоди бевоситаи Т.— халқиятҳо ва қабилаҳои давраи ғуломдорӣ — бохтариҳо дар ҳавзаи болооб ва миёноби Аму, суғдиён дар ҳавзақои Зарафшон ва Қашқадарё, портҳо дар Хуросон, марғиёниён дар воҳаи Марв, хоразмиён дар поёноби Аму, парканҳо дар водии Фарғона ва қабилаҳои сакоию массагетии кӯҳҳои Помиру Тиёншон ва даштҳои соҳили баҳрҳои Аралу Хазар (Каспий) ташаккул ёфтаанд. Хамаи ин халқияту қабилаҳо ба забону шеваҳои гурӯҳи забонҳои эронӣ, ки ба номи худашон мавсум буд, гап зада, типи антропологии мезокранӣ ва долихокрании европоисуратро нигоҳ доштаанд. Онҳо дар воҳаю водиҳо ба деққонӣ машғул шуда, заминҳоро обёрӣ мекарданд; дар дашту кӯқсор бо чорводорӣ, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ва дар шаҳрҳою деҳаҳо ба косибӣ машғул буданд.

Ҷараёни ташаккули этникии худи халқи тоҷик ҳанӯз дар ибтидои асрҳои миёна оғоз ёфта, асрҳои 6—8 аввал дар шаҳру воҳа ва водиҳо, баъдтар дар тамоми Мовароуннаҳру Хуросон дар заминаи компонентҳои асосӣ — суғдиён, бохтариҳо, тахориён, хуросониён, фартонагиҳо, хоразмиён ва сакоиҳо қувват гирифт. Дар ҳамин давра дар ҳудуди Мовароуннақру Хуросол ташаккули забони ягонаи форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ оғоз ёфт, ки баъдтар ба дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон, Туркистони Шарқӣ зуд паҳн гашта, ҷои забону шеваҳои мақаллиро гирифт.

Ташаккули забон, территория ва ҳаёти иқтисодию мадании Тоҷикон асосан дар асрҳои 9—10 дар ҳудуди давлати Сомониён ба итмом расида, халқ тоҷикон ном гирифт ва забони тоҷикӣ ба забони умумихалқӣ ва умумидавлатӣ табдил ёфт. Ба туфайли ҳамин забон адабиёт, илм ва санъат ба дараҷаи баланди инкишоф расида, намояндагони он (Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хисрав, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём ва дигарон) шӯҳрати ҷақонӣ пайдо намуданд. Дар соҳаҳои шаҳрсози, меъаюрӣ, ҳунармандд, санъати амалӣ, кӯҳкорӣ, металлургия, деҳқонии ба обёрии сунъӣ асосёфта, афкори ҷамъиятию фалсафӣ ва динӣ, офаридани ёдгориҳои бебаҳои моддию маънавӣ муваффақиятҳои калон ба даст омаданд.

Дар асрҳои 11—15 таърихи минбаъдаи этникию мадании Тоҷикон бо сардории сулолақои турку муғул бавуҷудомада давом ёфта бошад ҳам, забоҳ ва маданияти Тоҷикон мавқеи умумидавлатии худро нигоҳ дошт. Дар ин давра инчунин процесси ба воҳаю водӣ ва даштҳои Мовароуннаҳру Хуросон кӯчида омадани гурӯҳҳои зиёди аҳолии туркизабон (оғузҳо, туркманҳо, уйғурҳо, қарлуққо, чигилҳо, яғмоҳо, тургашҳо, қарахитолиён, барлосҳо, ҷалоириҳо, қипчоқҳо ва дигар) авҷ гирифт, ки аз онҳо минбаъд дар ҳудудҳои муайяии Осиёи Миёна туркманҳою ӯзбекҳо ва дигар халқҳои туркизабон ташаккул ёфтанд. Ба таърихи Тоҷикони асрҳои 16— 19 чунии ҷиҳатҳо хосанд: тараққиёт ва такмили минбаъдаи анъанаҳои этникӣ ва маданӣ дар шароити ниҳоят номусоиду набудани давлати ягона, ҷудошавӣ ба иттиҳодҳои сиёсии мухталиф, давом додани алоқаҳои мустаҳками этникию маданӣ бо ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, қароқалпоқҳо.

Дар арафаи Револютстяи Кабири Сосиалистии Октябр (асри 19— аввали асри 20) тақдири Тоҷикон хеле мураккаб гардид. Шаҳру районҳои тоҷикнишин ва марказҳои асосии он — Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Шаҳрисабз, Марв, Нишопур, Ҳирот, Балх, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ҳисор, Панҷакент, Уротеппа, Конибодом, Исфара ба ҳайати давлату мулкҳои гуногуни империяи Россия, аморати Бухоро, хонии Хева, хонии Хӯқанд, мулкҳои қоҷорҳои Эрон ва хонҳои Афғонистон тақсим шуданд. Парокандагии ҳаёти иқтисодӣ, набудани давлати ягона, тартиботи ақибмондаи феодалӣ просесси бо роҳи тараққиёти капиталистӣ пешравии халқ ва ба вуҷуд омадани миллати тоҷикро бозмедошт, ҳарчанд, ки нишонаҳои чунин гузариш дар районҳои шимолии Тоҷикистон (водиҳои Зарафшону Фарғона) мушоҳида мешуд.

Дар ҳаёти Тоҷикон танҳо пас аз Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Онҳо аз нав соҳиби давлати худ — Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон щуданд. Дар натиҷаи сохтмони сосиалистӣ Тоҷикистон ба республикаи мутараққии сермиллати индустриалӣ, хоҷагии қишлоқи механиконидашуда ва баландмаданият табдил ёфт. Дар рафти ин дигаргуниҳо Тоҷикон дар СССР ҳамчун миллати сосиалистӣ ташаккул ёфтанд.

Тоҷикон дар тӯли тамоми таърихи худ, муттасил деҳқони, боғдорӣ, кӯҳкорӣ, косибӣ, шаҳрсозӣ, меъморӣ, илм, рассомӣ ва кандакориро инкишоф медоданд. Забони адабии тоҷик фасеҳу суфта шуда, адабиёти классикӣ, осори ҷолиби диққати санъат ба майдон омада, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошт. Осори нобиғаҳои халқи тоҷик, ҳамчуя ғанигардонандаи маданияти Осиёи Миёна, дар ташаккули этникию мадании як қатор қабилаю халқҳои ин ноҳия ҳангоми ба ҳаёти муқимӣ гузаштани онҳо роли калон бозид. Ҳамин тавр, Тоҷикон бо ӯзбекҳо, туркманҳо, қиргизҳо, қазоқҳо ва қарақалпоқҳо паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бинои ҳаёти хутабахтонаро бунёд намуданд.

Тоҷикон аз қадимулайём бо деҳқонӣ машғул буда, даштҳои калонро бо роҳи сунъӣ обёрӣ менамуданд ва боғу токдорӣ, обчакорию чорводорӣ (асосан гӯсфандпарварӣ) машғулияти аввалиндараҷаи онҳо буд. Тарзи деҳқонӣ дар водию кӯҳсор гуногун буда, деҳқонон олоти ҳархелаи меҳнат (омоч, мола, каланд, намудҳои гуногуни бел, теша, дос, кордҳои боғдорӣ ва ғайра) -ро истифода мебурданд. Ҳунармандӣ яке аз касбҳои анъанавии шаҳриён буда, онҳо бо истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ, бо оҳангарӣ, кулолӣ, дуредгарӣ, ҳаккокӣ, гаҷкорӣ, кашидадӯзӣ ва ғайра шуғл меварзиданд. Ҳунармандӣ дар деҳот низ равнақ дошт.

Баъди ҳамроҳшавии ноҳияҳои шимолии тоҷикнишин ба Россия, дар ин ҷойҳо фабрикаю заводҳо ва аввалин гурӯҳҳои синфи коргар пайдо шуда, дар кӯҳкорию хоҷагии қишлоқ, махсусан пахтакорию боғдорӣ, тарзи истеҳсоли капиталистӣ ҷорӣ гардид. Дар айни замон, дар аморати Бухоро, бо вуҷуди он ки дар ин ҷойҳо торафт капитали тиҷоратӣ бартариятро соҳиб мешуд, ба мардикориравии деҳотиён ба шаҳрҳои саноатӣ (хусусан водии Фарғона) авҷ гирифта, дар ноҳияҳои Осиёи Миёна сафи коргарони саноату хоҷагии қишлоқ меафзуд, тартиботи кӯқнаи феодалии хоҷагии ақибмонда ва савдогарию судхури давом мекард. Дар соҳаи идеология, агар дар давраҳои аввали таърихи Тоҷикон ва аҷдоди онҳо дину оинҳои қадимӣ маҳаллӣ (парастиши нахустқаҳрамонҳо, худоҳо, ҷирму ситораҳои осмонӣ ва ҳодисаҳои заминӣ) ҳукмфармо бошад, баъдтар ҷои онҳоро, зардуштия, буддоия ва будпарастии маҳаллӣ гирифт ва оқибат ин оинҳоро дини ислом танг карда, ҳамчун дини ягона ҳукмфармо гардид. Ҳарчанд дар асрҳои миёна ва давраи нав дар байни Тоҷикон идеологияи мусулмонӣ пойдор буд, вале барои маданияту ҳаёти маишии онҳо дар тӯли қарнҳо оҳангҳои демократию гуманисти, рационалистӣ ва материалисти (осори класснкони маданияти тоҷик аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав, Умари Хайём, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Восифи, Беҳзод, Сайидои Насафӣ то маорифпарварон Аҳмади Дониш, Шоҳин, С. Айнӣ ва ғайра, аз онҳо саршор аст) хос буд. Эҷодиёти даҳонии халқ, мусиқии классикӣ, достонҳои мусиқию эпикии «Шашмақом» ва «Гуруғлӣ», санъати ороишию амалии халқи тоҷик аз анъанаҳои амиқи демократӣ боянд.

Тоҷикон дар шароити сохти советӣ социализм барпо намуданд ва ҳоло бо халқҳои бародари мамлакат базаи моддию техникии ҷамъияти коммунистиро фароҳам меоранд. Асоси хоҷагии Тоҷикон деҳқонӣ буда, пахтакорӣ соҳаи асосии он аст. Саноати серсоҳаи социалистии Тоҷикон аз мошинсозӣ ва энергетика то коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқро дар бар мегирад. Синфи коргари пешқадам, деҳқонони колхозӣ ва зиёиёни миллӣ ба камол расиданд.

Шаҳрҳои қадими Тоҷикистон — Ленинобод (Хуҷанд), Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Уротеппа, Панҷакент, Конибодом, Исфара умри дубора дида, ба куллӣ тағйир ёфтанд, шаҳрҳои нави ҳозиразамон — Душанбе, Хоруғ, Норак, Турсунзода, Ғафуров, Қайроққум, Ёвон ва ғайра бунёд шуданд; симои деҳот тамоман дигаргун гашт. Меъморӣ ва интерери иқоматгоҳи шаҳру деҳоти тоҷикон бо комёбиҳои ҳозираи коммуналӣ ва таҷҳизоти маданию маишӣ ғанитар гардиданд. Либоси анъанавии миллӣ беш аз пеш такмил меёбад ва дар айни замон, дар байни Тоҷикон либоси европоидӯхт маъмул мегардад.

Маданияти миллии имруза ва ҳаёти маишии Тоҷикон, ки мазмуни сосиалистӣ гирифтаанд, аз ҳисоби унсурҳои демократии маданият ва маишати анъанавӣ торафт ғанитар мешаванд. Онҳо анъанаҳои нави умумисоветиро, ки шароити иҷтимояи ҳаёти давраи сохтмони сосиалистӣ ба вуҷуд овардаанд, қабул намуда, ҷиҳатҳои пешқадами расму оини анъанавии ҷамъиятию гражданиро (Наврӯз ва ғайра) такмил дода, расму оинҳои нав (ҷашнҳои Октябр, Якуми Май, идҳои пахта ва ҳосилот, ҷашнҳои касбию оилавӣ ва ғайра)-ро ҷорӣ намудаанд.

Ҳаёти оилавии Тоҷикон, ки аз тарзи зиндагонии сосиалистӣ, баробарҳуқуқии зану мард, мавқеи оила ва фарзанд дар ҷамъият ва ғайра бармеояд, ба куллӣ тағйир ёфтааст. Санъати Тоҷикон хеле ғанӣ гашта, дар он дар як вақт бо санъати анъанавии рангини халқӣ, шаклҳои ҳозираи санъати касбӣ (опера, балет, кинематография, мусиқии симфонӣ, жанрҳои нави драматургияи театрӣ, эстрада, санъати монументалӣ ва ғайра) бомуваффақият равнақ меёбад. Адабиёти срветии тоҷик, ки С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода барин классикони маданияти муосири советӣ ва Шарқро парваридааст, ба пояҳои баланди тараққиёт расид. Илми тоҷик бо Академияи фанҳо ва чунин ходимони барҷастаи илм, монанди Б. Н. Павловский, С. Айнӣ, Б. Ғафуров, С. У. Умаров, А. М. Баҳоваддинов ва дигарон кайҳо ба арсаи илми пешқадами ҷаҳонӣ қадам ниҳодааст.

Адабиёт: Мандельштам А. М. О некоторых вопросах сложения таджикской народности в среднеазиатском междуречье, дар маҷмуаи: Советская археология,  том         20, Москва, 1954; История таджикского народа, том 1—3, Москва, 1963—65; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, Москва, 1972; Таджикская ССР, Душанбе, 1984; Негматов Н. Н., Государство Саманидов (Мавераннахр и Хорасан в IX—X вв), Душанбе, 1977.       Н. Неъматов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …