Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТОҶИКОН» – асари Б. Ғ. Ғафуров

«ТОҶИКОН» – асари Б. Ғ. Ғафуров

tojikon

«ТОҶИКОН», номи асари таърихист мансуб ба қалами Б. Ғ. Ғафуров, ки аввал ба русӣ (Москва, «Наука», 1972) ва сони ба тоҷики (Душанбе, «Ирфон , ҷилди 1, 1983, ҷилди 2, 1985) чоп шудааст. Таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёнагии халқи тоҷик дар нашри русӣ то миёнаи асри 18 (дар нашри тоҷикӣ То соли 1917)-ро дар бар мегирад. «Тоҷикон» аз муқаддима, 5 бахш ва 16 фасл (дар тоҷикӣ 6 6; 17 фасл) ва замимаҳо иборат аст. Дар бахши якум аз ташаккул ва тараққии сохти ҷамоаи ибтидоӣ дар сарзамини ниёгони тоҷикон, дар дуюм аз ҳаёти онон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ, дар сеюм, чорум ва панҷум — аз таърихи ташаккулу тарақиёи сохти феодалӣ сухан меравад.
Муаллиф истинодан ба материалҳои мӯътамади илмӣ тоҷикшиносиро ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи умумиҷаҳонӣ таҳқиқ кардааст. Аз ин ҷост, ки ӯ дар мавқеи интернационалистӣ устувор истода, ба худситоии миллӣ ва идеализация роҳ надодааст. Дар китоб проблемаҳои муҳимми таърихи Шарқ, аз ҷумла баъзе масъалаҳои методологияи таҳқиқи илмии он: проблемаи ориёнҳо ва бунёди нажодию забонии қавмҳои бостонии Осиёи Миёна, Эрон, Афгонистон, Ҳиндустони Шимолӣ ва даштҳои Евросиё; ташаккул ва таҳаввули зардуштия; таркиби анъанаҳои фарҳангии эронию ҳиндию юнонӣ; пайдоиши кушониён, хронологияи давлатдорӣ ва тамаддуни онҳо; сохти иҷтимоию иқтисодӣ; ташаккули таърихии халқияти тоҷик: маданияти асримиёнагии тоҷику форсҳо ва аҳамияти ҷаҳонии он ва ғайра акс ёфтаанд.
Дар китоби «Тоҷикон» ба проблемаҳои этногенез диққати махсус дода шуааст. Муаллиф ташаккули халқияти тоҷикро дар ҷараёни алоқамандии этникию фарҳангии он бо халқиятҳои ҳамсоя (хосса ӯзбекон) тадқиқ кардааст. Дар худи асрҳои 7— 6 то мелод дар Осиёи Миёна қавмҳои эронинажод — суғдиён, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиён, фарғонагҳо, портиҳо ва тоифаҳои сакоиҳо мезистанд, ки аз ҷиҳати маданият, урфу одат ва забон ба ҳам хеле наздик буданд (махсусан суғдиён ва бохтариҳо). Маҳз дар заминаи қавмҳои мазкур, махсусан суғдиён, хоразмиён ва бохтариҳо халқи тоҷик ташаккул ёфтааст. Ин ҷараёни этногенетикӣ аз охири асри 5 сар шуда, дар асрҳои 9—10, дар замони ташаккул ва тараққиёти нахустин давлати тоҷикон анҷом пазируфтааст.
Дар ин марҳилаи муҳими таърихӣ адабиёти классикии форс-тоҷик ба расмият даромада, нашъунамо кард. Забони ин адабиёт забони порсии дарӣ буд, ки бо он халқи маҳаллӣ — тоҷикони Самарқанду Бухоро, Балху Хуҷанд, Марву Нишопур, Тӯсу Ҳирот ҳарф мезад. Лекин замон ва маҳалли пайдоиши ин забон ҳанӯз ҳам мавриди мубоҳисаҳои илмӣ мебошад. Дар ин боб ду ақида ҳаст. Аксарияти муаррихони адабиёти классикӣ (Маликушшуаро Баҳор, Абдулғанӣ Мирзоев, Забеҳуллоҳи Сафо, Е. 3. Бертелс, И. С. Брагинский ва дигарон) собит мекунанд, ки забони порсии дарӣ-тоҷикӣ дар байни эрониёни шарқӣ — сокинони муқимии Хуросон ва Мовароуннаҳр ташаккул ёфта, сипас ба маҳалҳои ғарбӣ (ҷойҳои эрониёни имрӯза) паҳн шудааст. Муҳаққиқони дигар (В. В. Бартольд, А. А. Фрейман, В. Ҳайгер, Р. Фрай), баракс, забони дариро зодаи маҳалли эрониёни ғарбӣ эълон карда, ақидае пеш меоранд, ки ин забон дар заминаи шеваи ҷанубу ғарбии вилояти Форс ташаккул ёфта, дар ҷараёни паҳншавиаш ба мавзеъҳои шимол ва шимолу шарқӣ бисёр унсурҳои забонҳои маҳаллиро аз худ кардааст. Мавқеи фарҳангии забони тоҷикӣ на танҳо ба мавқеи забони арабӣ баробар шуд (дар асрҳои 12—13), балки рафта-рафта ҷои онро гирифт. Забони тоҷикӣ, сарфи назар аз тағйироти ҷиддии сиёсие, ки дар тули ҳазораи охир дар сарзамини ситамдидаи Аҷам муттасил рӯй додаанд, мақоми маданӣ ва мавқеи расмии худро аз даст надодааст. Гузашт аз ин, дар асрҳои 15—17 вай доираи эътибори худро хеле васеъ карда, дар ҳудуди Ҳиндустону Покистони имруза нуфуз пайдо кард ва дар зарфи 300 сол вазифаи забони давлати ва маданиро адо намуд. Забони давлатию фарҳангии чи Темуриён ва чи амирони манғитияи Бухоро тоҷикӣ буд.
Дар китоби «Тоҷикон» марҳалаҳои асосии ташаккул ва тараққии тамаддуни тоҷикон, аз ҷумла адабиёту санъат ва илму фалсафаи аҷамиён шарҳу баст ёфтаанд. Таърихи интеллектуалми халқи тоҷик аз се ҳазор сол кам нест. Афкори илмию фалсафии эронӣ, ки решааш аз сарчашмаҳои Авесто (асрҳои 9—6 то мелод) об мехӯрад, дар асрҳои миёна (10—15) ба авҷи тараққиёт расидааст (нигаред Эҳёи Аҷам). Инкишофи илму фалсафаи мардум хусусиятҳои ба худ хосе дорад ва вай аз аввал як системаи якҷинса ва маҳдуди ақидаҳое набуд, ки аз доираи танги маданияти анъанавии эзотерӣ намебаромада бошад. Тамаддуни тоҷик дар чорраҳаи Шарқу Ғарб, дар буришгоҳи роҳҳои ҳарбӣ, иқтисодӣ ва мадании таърих ташаккул ёфт. Бинобар ин таърихи афкори илмию фалсафии тоҷикон — таърихи таркиби анъанаҳои мухталифи маданӣ, таърихи таъсири мутақобил ва баҳраваршавии дутарафаи тамаддунҳо, халқҳо ва давраҳои гуногун аст. Умуман, таъсири мутақобили тамаддунҳои Шарқу Ғарб анъанаи дерин ва ғании таърихӣ доштааст. Лекин дар таълифоти таърихӣ басе тафсири ину он воқеоти сиёсӣ ба мадди назар баромада, ҷараёни баҳраваршавии мадании халқҳои мухталифро панаҳ кардааст. Дар «Тоҷикон» бошад, оқибатҳои таърихии баъзе воқеоти сиёсӣ, аз ҷумла ба ҳайати империяи юнонию мақдунӣ даромаданн Тӯрон боздиди назар шудаанд.
Б. Ғ. Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» силсилаи масъалаҳои муҳим ва актуалии таърихи тоҷикон ва халқҳои ҳамсояро ба доираи таҳқиқу тадқиқ кашида, онҳоро мавриди муҳокима ва мулоҳизаҳои доманадоре қарор додааст. Хулоса ва андешаҳое, ки дар китоб зимни таҳлилу таркиби бисёрҷиҳатаи сарчашмаҳои таърихӣ ва навиштаҳои муаррихони советию хориҷӣ баён намудааст, ба вусъати минбаъдаи афкори шарқшиносӣ ва махсусан эроншиносӣ такон дод. «Тоҷикон» ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ба забони дарӣ нашр шудааст.
А. Турсупов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …