Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТОҶИКИТ

ТОҶИКИТ

ТОҶИКИТ, як навъ минерал; СаТR2ТiВ4Si4O20. Бештар дар шакли оферолитҳои андозаашон то 1,5 см, пулакчаҳо ва кристаллҳои тулуки призмамонанд вомехӯрад. Рангаш сурхча, ҷилояш шишагун. Сахтааш 6. Бинобар дар таркибаш мавҷуд будани элементҳои нодирзамин ва титан аз минерали гейландит фарқ мекунвд.

tojikit

Тоҷикитро соли 1970 геологҳои тоҷик В. Д. Дӯстматов, А. Ф. Ефимов, В.     Ю. Алхазов, 3. Т. Пудовкива, М. Е. Казакова дар массиви сиенитҳои ишқории дараи Пиёз (раёни Ғарми Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон) кашф карда, онро ба шарафи халқи тоҷик Тоҷикит номидаанд.

М. Ҷанобилов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …