Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «ТОҶИКФИЛМ»

«ТОҶИКФИЛМ»

«ТОҶИКФИЛМ», киностудияи филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ дар шаҳри Душанбе. Соли 1930 ташкил ёфтааст.
Соли 1932— «Тоҷиккино», 1936—«Тоҷикфилм», 1938— киностудияи Сталинобод, счҳои 1941—43 Киностудияи муттаҳидаи Сталннобод ва «Союздетфилм» ном дошт ва аз соли 1958 киностудияи «Тоҷикфилм» ном гирифт.

6bgdeli7hkg
Солҳои аввал филмҳои хроникавию ҳуҷҷатӣ истеҳсол мекард. Нахустин филми бадеӣ — «Вақти ҳалокати амирон» соли 1932 ба экран баромад. Аз соли 1935 «Тоҷикфилм» киножурналҳои овоздор мебарорад. Соли 1939 филмҳои бадеии овоздори «Боғ» ва «Дӯстон аз нав вомехӯранд» истеҳсол шуд. Аз соли 1938 дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ шурӯъ гардид. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ филмҳои «Саргузаштҳои нави Швенк», «Қасами Темур», «Март— апрель», «Фарзанди Тоҷикистон» ва ғайраро ба навор гирифтанд. Пас аз ҷанг, то соли 1955 маҳсулоти киностудия танҳо аз киножурналҳо, филмҳои хроникавию ҳуҷҷатӣ ва дубляж иборат буд. Дар байни киноҳои ҳуҷҷатии ин солҳо филми пурраметражи ҳуҷҷатии «Тоҷикистон» (1946), филми пурраметражи рангаи ҳуҷҷатии «Тоҷикистони – Советӣ» (1951) ва ғайраро ном бурдан мумкин аст. Ғайр аз филмҳои ҳуҷҷатӣ киностудия филмҳои илмӣ, илмии оммави, илмии тадқиқотӣ, таълимӣ ва ғайра истеҳсол мекунад, ки дар онҳо унсурҳои публицистика, воқеияти аёнӣ ва имкониятҳои ҳоси тасвирию техникӣ мавқеи намоён доранд.
Аз соли 1955 истеҳсоли филмҳои бадеӣ аа нав ба роҳ монда шуд. Нахустин филми бадеии ин давра «Дохунда» (1956) буд. Филмҳои «Қисмати шоир», «Зумрад», «Бачагони Помир», «Марги судхӯр», «Ҷӯра Саркор», «Духтари сеюм», «Қиссаи маҳбаси Павиак», «Рустам ва Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш», «Субҳи нахусти ҷавонӣ» ва ғайра дастовардҳои муҳимми киностудия ба шумор мераванд. Дар филмҳои бадеии солҳои охир — «Марди роҳ (1982), «Айёми туманҳои зимистон» (1982), «Асрори оила» (1983) ва ғйра—масъалаҳои иҷтимоӣ ва олами маънавии инсон ҳаматарафа таҷассум ёфтаанд, ки ба онҳо маънидоди фалсафии ҳаёт, офаридани характерҳои миллӣ ва сабки шоирона хос аст.
Дар «Тоҷикфилм» режиссёрҳо Т. Собиров, А. Раҳимов, Артистони Хизматнишондодаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, М. Орифов, Д. Қосимова, Д. Худоназаров, операторҳо — Е. Кузин, 3. Дахте, рассом — Ходими Хизматнишондодаи Санъати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Д. Илёбоев ва дигарон кор мекунанд.
«Тоҷикфилм» ҳар сол 7—8 филми бадеӣ барои экрани калон ва телевизион, зиёда аз 30 филми хроникавию ҳуҷҷатӣ ва илмию оммавӣ истеҳсол менамояд, зиёда аз 40 филми бадеиро ба тоҷикӣ дубляж мекунад. Ҳар моҳ киножурнали «Тоҷикистони Советӣ» ва ҳар се моҳ киножурнали ҳаҷвии «Калтак» ба навор гирифта мешавад. Солҳои охир филмҳои мултипликасионӣ низ истеҳсол мекунад.
Соли 1963 киностудия ба кинокомплекси нави маъмурию истеҳсолӣ кӯчид, ки он ба истеҳсоли 8 филми бадеӣ дар як сол омода аст. «Тоҷикфилм» се павилони суратгирӣ (968 метри мураббаъ) дорад ва бо техникаи нави ҳозиразамон ҷиҳозонида шудааст. А. Аҳроров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …