Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОҶИЕВ Ёқуб Тоҷиевич

ТОҶИЕВ Ёқуб Тоҷиевич

ТОҶИЕВ Ёқуб Тоҷиевич (таваллуд 23. 11. 1918 шаҳри Конибодом), гигиенисти социалӣ ва яке аз ташкилотчиёни намоёни нигаҳдории тандурустии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб (1970), профессор(1971), Ходими Хизматнишондодаи Илми Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1982), Аъзои КПСС аз соли 1950. Соли 1944 Институти давлатии тиббии шаҳри Тошкентро хатм вамуд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Сардухтури касалхонаи шаҳри Конибодом (1947—49), мудири шӯъбаи нигаҳдории тандурустии вилояти Ленинобод (1949—51), ҷонишини вазири нигаҳдорин тандурустии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1954—59), ҷонишини директори Институти давлатии тибби кишварии Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1959—61) ва аз соли 1961 мудири кафедраи гигиенаи иҷтимоӣ ва ташкили нигаҳдории тандурустин Институти давлатии тиббии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. Тоҷиев сармуҳаррири журнали «Здравоохранение Таджикистана (аз соли 1963), аъзои президиуми Совети илмию тиббии Вазорати нигаҳдории тандурустии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Раиси ҷамъияти республикавии таърихшиносони тиб мебошад. Тоҷиев муаллифи зиёда аз 125 асару мақолаҳои илмист. Асарҳои ӯ ба масъалаҳои муҳимми гигиенаи социалӣ, ташкили нигаҳдории тандурустӣ, статистикаи санитарӣ ва демографӣ оиданд. Бо орденҳон Ситораи Сурх, «Нишони Фахрӣ», Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1, 2), медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Асар: Нигахдории тандурустии Тоҷикистон ба пешвози Революцияи Кабири Социалистии Октябр, Душанбе, 1957; Здравоохранение Таджикистана, Душанбе, 1974; История медицина, Душанбе, 1979.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …