Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОҶИБОЕВА Башоратхон

ТОҶИБОЕВА Башоратхон

ТОҶИБОЕВА Башоратхон (10. 11. 1916, Намангон—20. 8. 1965), Ленинобод), актрисаи советии тоҷик. Артисти Халқии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1943). Аъзои КПСС аз соли 1946.
Фаъолияти Тоҷибоева асосан бо театрҳои Тоҷикистон вобаста аст. Тоҷибоева аввал дар Театри драмаю мазҳакаи Конибодом ва Театри драмаи ба номи Лоҳутӣ (1932—34), Театри драмаи мусиқии Нов (1934—35), Театри райони Чкалов (1936—38) ва аз соли 1938 то охири умр дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод кор кардааст. Тоҷибоева дар давоми фаъолияти 35-солаи эҷодиаш ролҳои бисёреро бозидааст: Хонзода («Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳакимзода), Гулсара, Офтобхон, Нурхон (песаҳои ҳамноми К. Янган), Салтанат («Тӯйи С. Ғанӣ), Варвара («Раъду барқ»-и А. Н. Островский), Гулчеҳра («Аршин мололон»-и Ӯ. Ҳоҷибеков), Крупская («Тӯфои»-и Ғ. Абдулло ва Ш. Қиёмов). Тоҷибоева бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Ҳ. Аскар.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …