Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОҶӢ УСМОН

ТОҶӢ УСМОН

ТОҶӢ УСМОН (12. 7. 1905, деҳаи Унҷии ҳозира раёни Хуҷанд—23. 10. 1968, Ленинобод), нависанда ва журналисти » советии тоҷик. Аз оилаи доҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1930. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Университети коммунистии осиёимиёнагии Тошкент (САКУ) – ро хатм кардааст (1933). Мудири шӯъба ва ҷонишини муҳаррири газетаи «Тоҷикистони Сурх» (1933, 1946—53), муҳаррири газетаи вилоятии «Бо роҳи ленинӣ» (1934), котиби Комитети партиявии шаҳри Ленинобод (1937—39) ва котиби масъули журнали «Хорпуштак» (1953—61) буд. Муҳимтарин асарҳояш инҳоянд: маҷмуаи ҳикояҳои «Кашфи асрор» (1958), повести «Духтари ниқобдор» (1965, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Робиаи Балхӣ), қиссаи «Муборакқадам» (1966, бо ҳамроҳии М. Ашӯрмуҳаммадов), очерки бадеию таърихии «Лаънаткардаи халқ» (1967) ва «Шоира Маҳасти» (1969).
У инчунин мураттиби китобҳои «Бисту се адиба» (1957), «Дурдонаҳои назми тоҷик» (1960), «Шоираҳои боистеъдод» (1962), «Ханда ва истеҳзо» (1962) мебошад. «Кашфи асрор» ва «Лаънаткардаи халқ» ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Аз соли 1967 узви Иттифоқи Нависандагони СССР. Э. Сангинова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …