Маълумоти охирин

ТОҶ

ТОҶ, 1) дамидагии кунгурадоре, ки бар сари баъзе паррандаҳост (масалан, аксари мурғҳо, паррандагони соҳибчангол ва ғайра). Тоҷ дар ҷинсҳои гуногуни мурғҳои хонагӣ ҳар хел аст (масалан, гулшакл, баргмонанд, чормағзшакл ва ғайра). 2) Кулоҳи ҷавоҳирнишон, рамзи ҳокимияти мутлақ, ки шоҳ, император, амир, хон, султон ва дигар бар сар гузораяд.

crown

Тоҷро аз филизи қиматбаҳо (одатан аз тилло) сохта, ба дурру марворид, инҷу ва дигар сангҳои қиматбаҳо оро медиҳанд. Он гуногун ва муд (кулоҳ, телпак, тиллоқош, баргмонанд, бегирда) мешавад. Тоҷ ҳанӯз дар давлатҳои Дунёи Қадим (Шумер, Акад, Мисри Қадим, Рими Қадим, Осиёи Миёнаю Эрон) пайдо шуда, дар замони тараққиёти феодализм дар Европаи Ғарбӣ маъмул гашта аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …