Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТОҶ-УЛ-МАСОДИР»

«ТОҶ-УЛ-МАСОДИР»

«ТОҶ-УЛ-МАСОДИР» луғати масдарҳои арабӣ бо тарҷумаи форсй, таълифи Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Алии маъруф ба Бӯҷаъфараки Байҳақӣ (вафот 1150). Тақрибан 5000 калимаро дар бар мегирад. «Тоҷ-ул-масодир» дар асоси «Китоб-ул-масодир»-и Абуабдуллоҳи Ҳусайн ибни Аҳмади Зӯзанӣ, ки якумин луғати арабӣ-форсист (таълифаш миёнаҳои асри 11) тартиб ёфтааст. Муаллиф луғати Зӯзаниро таҳриру такмил кардааст. Дар «Тоҷ-ул-масодир» масдарҳо мувофиқи сохт ва ҳаракоти реша дар бобҳои алоҳида бо тартиби алифбо омадаанд. Дар «Тоҷ-ул-масодир» бисьёр калимаҳои форсӣ-тоҷики маҳфуз мондаанд. Аз ин ҷиҳат «Тоҷ-ул-масодир» барои муайян намудани баъзе хусусиятҳои забони он давра аҳамият дорад. Чопҳои сангии «Тоҷ-ул-масодир» мавҷуданд (Бамбай, 1884; Лакҳнав, 1893).
В. Капранов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …