Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОИБИ ҲИРОТӢ

ТОИБИ ҲИРОТӢ

ТОИБИ ҲИРОТӢ (Соли таваллуд номаълум, Ҳирот — вафот 1676, Бухоро), шоири тоҷик. Соли 1667 аз зодгоҳаш ба Бухоро омада, ба хидмати Абдулазизхон (ҳукмронӣ 1645—80) дохил шуд. Дар маҷлисҳои дарбор ба овози хуш шеъри худ ва дигар шоиронро мохонд. Бо кӯшиши ӯ девон ва маснавии Нозими Ҳиротӣ — «Юсуф ва Зулайхо» дар Мовароуннаҳр шӯҳрат ёфт. Ба Тоиби Ҳиротӣ маснавиеро бо номи «Лайлӣ ва Маҷнун» нисбат додаанд. Тоиби Ҳиротӣ дар мусиқӣ, тиб ва хушнависӣ низ маҳорат доштааст. С. Саъдиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …