Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОҲИРҶОНОВ Абдураҳмон Тоҳирович

ТОҲИРҶОНОВ Абдураҳмон Тоҳирович

ТОҲИРҶОНОВ Абдураҳмон Тоҳирович (7. 2. 1907, деҳаи Мурзолари РАСС Тотористон—1983, Ленинград), шарқшиноси советӣ, доктори илмҳои филология (1970), профессор (1972). Аз оилаи деҳқон. Университети давлатии Ленинградро хатм кардааст (1941). Муаллими забони форсии Институти ҳарбӣ (1941—43), аспирант (1943—46), корманди илмии Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР (1946—50) буд. Солҳои 1950—55 дар Университети Ленинград аз адабиёти форс-тоҷик дарс гуфтааст. Аз соли 1955 муаллими забони арабии ҳамин университет. Тоҳирҷонов ба тадқиқи масъалаҳои забону адабиёти форс-тоҷик машғул буд; ба қалами ӯ якчанд асари тадқиқӣ, аа қабили «Эҷодиёти шоири пешқадами Эрон Ашрафи Гелонӣ» (1960), «Тавсифи дастнависҳои шарқии китобхонаи Университети Ленинград» (1962), «Подшоҳии Кайковус ва лашкаркашидани ӯ ба Мозандарон» (1962), «Рӯйхати дастнависҳои тоҷикӣ, форсӣ ва туркии Шӯъбаи шарқии китобхонаи Университети давлатии Ленинград» (1967) тааллуқ доранд. Дар монографияи Тоҳирҷонов «Рудаки, ҳаёт ва эҷодиёти у (Л., 1968) бисёр масъалаҳои зиндагии шоир мавриди баррасӣ қарор ёфтаанд. А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …