Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии Того

Ҷумҳурии Того

ТОГО, Республикаи Того (Republicue Тоgolais), давлатест дар Африкаи Ғарбӣ. Масоҳаташ 56,6 ҳазор км\ Аҳолиаш қариб 2,8 млн нафар (1983); халқҳояш эве, кабре, мина, уачи ва ғайра. Забони расмӣ — франсавӣ. Аз се ду қисми диндорон бадину ояти маҳаллӣ, аз панҷ як қисмашон ба масеҳия ва боқимонда ба ислом эътиқод доранд. Пойтахт ва бандари асосиаш шаҳри Ломе. Сардори давлат — президент. Органи қонунбарор — Маҷлиси миллӣ.

togo
Дар қисми зиёди мамлакат ҳамворию пуштакӯҳ ва дар ҷануб қисман пастиҳои наздибаҳрӣ мавҷуданд. Иқлимаш субэкваторист. Ҳарорати миёнаи моҳона 20—30оС. Боришоти солона—750—1500 мм. Асосан растаниҳои саваннагӣ мерӯянд. Дар нимаи дуюми асри 17 дар ҳудуди Того гурӯҳҳои калони этникӣ ва ҳукумати пурқуввати мутамарказ ба вуҷуд омаданд. Охири асри 19— аввали асри 20 сарзамини Того (бо як қисми ҳудуди Ганаи ҳозира) мустамликаи Германия шуд; баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Британияи Кабир барои идора кардани қисми ғарбии Того (Тогои Британӣ) ва Франция барои идора кардани қисми шарқиаш (Тогои Франоавӣ) мандат гирифтанд; баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ гарчанде ТДМ ҳар ду сараминро зери васояти худ гирифг, онҳоро Британияи Кабир ва Франция идора мекарданд. Аз соли 1960 Того республикаи мустақил аст. Январи 1963 ва январи 1967 дар Того табаддулоти ҳарбӣ ба амал омад. Баъди табаддулоти соли 1967 партияҳои сиёсиро пароканда карданд; соли 1969 Партияи муттаҳидаи халқии Того таъсис ёфт. Соли 1979 интихоботи парламент барпо шуд. Того аз соли 1960 бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.
Того мамлакати аграрист. Дар иқтисодиёти он капитали хориҷӣ мавқеъи муҳим дорад. Зироати хоҷагии қишлоқ: какав, қаҳва, пахта, ямс, маниок, ҷуворимакка, ҷуворӣ, арзан, шолӣ, арахис, нахл ва ғайра Гов, гӯсфанд, буз, хук ва мурғ мепарваранд. Аз кӯлу дарёҳо ва уқёнус моҳӣ мехаранд. Фосфорит истихроҷ мекунанд. 3аводҳои истеҳсоли равғани ҷавз, равғани арахис, орди маниок, заводҳои пиво, цемент, фабрикаи пойафзол ва ғайра мавҷуданд. Тули умумии роҳи оҳан қариб 570 км, роҳҳои автомобиллард 7,85 ҳазор км (1982). Ба хориҷа фосфорит, какав, қаҳва, пахта, мағзи норҷил ва ғайра мебарорад. Шарики асосии тиҷоратиаш Франция. Воҳиди пул — франки африкоӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …