Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ТОБОЛСК

ТОБОЛСК

ТОБОЛСК, шаҳрест дар вилояти Тю мени РСФСР. Бандар дар дарёи Иртиш, дар наздикии резишгоҳи дарёи Тобол. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 66 ҳазор нафар (1982). заводи киштисозӣ ва таъмири киштӣ, инчунин корхонаҳои саноати чӯбгарӣ, сабук ва хӯрокворӣ дорад. Комплекси коркарди нефт ва химия сохта мешавад (аз 1982).

gallery_promo20911754

Дар шаҳр институт, техникумҳо, музей-мамнӯъгоҳи таърихию меъморӣ, театри драма (аз 1705) ва ғайра мавҷуданд. Ёдгориҳои меъмориаш: калисои ҷомеи Софияю Успенский (асри 17), растаи тиҷорат, «Палатаи Швеция» (асри 18) ва ғайра.
Соли 1587 бунёд ёфтааст. Дар давраи ҳокимияти подшоҳӣ ҷои бадарғаи маҳбусони сиёсӣ буд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …