Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи ТОБАГО

Ҷазираи ТОБАГО

ТОБАГО (Тоbago), ҷазираест дар уқёнуси Атлантик, дар ҳайати давлати Тринидад ва Тобаго. Масоҳаташ 300 км2. Сатҳаш кӯҳсор.

tobago

Баландии кӯҳҳо то 576 м буда, аз ҷинсҳои вулқонӣ, гранит ва оҳаксангҳо таркиб ёфтаанд. Иқлими ҷазира субэкваторӣ, гарму сербориш. Дар Тобаго бешаҳои ҳамешасабз, инчунин плантасияҳои какав ва нахли норҷил мавҷуданд. Шаҳри асосиаш Скарборо.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …