Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / газетаи «ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ»

газетаи «ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ»

 «ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ», газетаи партиявии республикави, органи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон, Президиуми Совети Олӣ да Совети Вазирони Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Ҳафтае 6 бор нашр мешавад. Шумораи аввалинаш 15 марти 1925 бо номи «Иди тоҷик» ва шумораи дуюмаш баъди 20 рӯз (5 апрели) бо унвони «Бедории тоҷик» (то 8 ноябри 1928) аз чоп баромад, баъд «Тоҷикистони сурх» ва аз 1 январи 1955 «Тоҷикистони советӣ» ном гирифт. «Тоҷикистони советӣ» дар муборизаи ташкилоти партияшии республика барои барқарор ва мустақкам намудани Ҳокимияти Советӣ ва сохтмони сосиализм дар Тоҷикистон, бомуваффақият ба амал баровардани индустронӣ ва коллективонии хоҷагии қишлоқ, ғалабаи револютсияи маданӣ, ташкилу сафарбар намудани халқ дар солқои Ҷанти Бузурги Ватанӣ, сохтмонҳои хоҷагӣ ва мадании баъди ҷанг, сиёсати миллию ленинии КПСС, дар рӯҳи садоқати бепоён ва комунизм, меҳнатдӯстӣ, дӯстии халқҳо, интернасионализми социалистӣ ва пролетарӣ тарбия намуда  одамон саҳми арзанда гузошт. «Тоҷикистони советӣ» дар бунёди иншооти азими республика — сохтмони Вахш, Роҳи калони Помир, каналҳои калони Фарғона, Ҳисор, ГЭС-ҳои Варзоб, Сарбанд, Норак, Бойтозӣ, Роғун, комбинатҳои абрешими Ленинободу Душанбе, заводиди алюмини Тоҷикистон, заводи электрохимиявии Ёвоп, роҳи оҳани Тирмиз — Қӯрғонтеппа—Ёвон, Комплекси агросаноатии Ховалинг, фатҳи заминҳои бекорхобидаи Дилварзин, водии Бешкент, даштҳои Ашти Калон, Данғара ва ғайра саҳми муносиб гузошт. Рӯзнома дар ҳамаи вилоятҳо ва районҳои республика мухбирони махсус дорад. Адади нашри газета зиёда аз 150 ҳазор нусха. «Тоҷикистони советӣ» бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1959) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Ресспубликаи Совети Сосиалистии Тоҷикистон (1985) мукофотонида шудааст. «Тоҷикистони советӣ» соли 1983 барои инъикоси хуби мусобиқаи социалистӣ ғолиби конкурси Иттифоқи журналистони СССР гардид. Н. Табаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …