Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ТИЁНШОН

ТИЁНШОН

ТИЁНШОН (ба хитоӣ — Кӯҳҳои Осмонбӯс, номи туркиаш — Тангритоғ), системаи кӯҳист дар Осиён Миёна ва Марказӣ, ки байни 40° ва 45° аз шарқ, 67° ва 95° то шарқ воқеъ гаштааст. Қисми ғарбиаш дар ҳудуди СССР (қисми калонаш дар РСС Қирғизистон, қаторкӯҳҳои шимолӣ ва ғарбиаш дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Қазоқистон, шохаҳои ҷанубу ғарбиаш дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон ва Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон), қисми шарқиаш бошад, дар территорияи Хитой ҷойгир аст. Аз Ғарб ба Шарқ ба масофаи 2450 км тул кашидааст. Тиёншони советӣ дар Шимол бо системаи кӯҳии Алатови Ҷунгар ва Етисув (Ҳафтрӯд), дар Ҷануб бо водии Фарғона ҳамҳудуд аст. Баъзе географҳо (масалан, Л. С. Берг, И. П. Герасимов, А. М. Алпатев, Э. М. Мурзаев ва дигарон) системаи кӯҳии Ҳисору Олойро низ ба Тиёншон мансуб медонанд. Тиёншони Шарқӣ дар Шимол бо хамии Ҷунгария (Дарвозаи Ҷунгария) ва дар Ҷануб бо хамии Тарим ҳамшафат аст.

2
Қаторкӯҳҳои Тиёншон асосан ба самти арзӣ ё наздик ба арзӣ тул кашидаанд. Баландтарин қуллаҳои Тиёншони Марказӣ—Ғалаба (7439 м) ва Хонтангри (6995 м) дар сарҳади байни СССР ва Хитой воқеъ гаштаанд.
Иқлими кӯҳҳои Тиёншон умуман континентист, вале бинобар мураккабии релеф, хеле баланд будани бисёрии қаторкуҳҳо, экспозицияи нишебиҳо ва вобаста ба мавқеи географии қаторкӯҳҳо ҳарорат ва намӣ дар ҳар ҷо ҳар хел аст. Дар ҷойҳои аз 1500—3000 м баландтар миқдори боришоти солона зиёда аз 800 мм. Ҳарорати миёнаи июл дар водиҳои нисбатан паст 20—25°С, дар водиҳои баландиашон миёна 15—17 С, дар водиҳои баланд 5—10°С, дар кӯҳҳои баланд бошад 0°С ва аз ин ҳам пасттар аст.
Хати барф дар шимолу ғарби Тиёншон аз баландиҳои 3600—3800 м ва дар маркази он аз баландиҳои 4200—4450 м мегузарад. Барфҳои бисёрсола ва пиряхҳо бисёранд (калонтаринашон пиряхи Инилчек дар Тиёншони Марказист). Масоҳати умумии пиряхҳо 10,2 ҳазор км2 (80%-аш дар терреторияи СССР). Марказҳои калонтарини пиряхҳо банди кӯҳи Хонтангри, Алатови Терскей ва Кӯкшалтов мебошанд.
Аз Тиёншон дарёҳои калон — Сир, Чу, Илӣ ва Тарим ибтидо меёбанд. Ин дарёҳо оби худро ё ба кулҳои биёбонӣ мерезанд ё дар биёбонҳо хушк мешаванд.
Аз сарватҳои зеризаминӣ дар куҳҳои Тиёншон мис, сурб, металлҳои нодир ва махсусан ангиштсанг фаровон аст. Аз конҳои металлҳои ранга кони миси Олмалиқ, Консой, конҳои сурби Ачисой машҳуранд. Аз конҳои Қурама волфрам ва марги муш, аз Қаротов фосфорит истихроҷ мекунанд.
Дар қисми советии Тиёншон 5 мамнӯъгоҳ — Иссиққӯл, Алмаато, Оқсу-Ҷабагли, Саричалак, инчунин қӯруқҳои бешазори кӯҳии Чатқал ва ғайра мавҷуданд. Дар бораи хоҷагӣ ва иқтисодиёти Тиёншон нигаред мақолаҳои Республикаи Совети Сотсиалистии Қирғизистон, Республикаи Совети Сотсиалистии Қазоқистон ва Райони автономии уйғурҳои Синцзян.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …