Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИТОВ Герман Степанович

ТИТОВ Герман Степанович

titov-gs

ТИТОВ Герман Степанович (таваллуд 11. 9. 1935, деҳаи Верхнее Жилино, раёни Косихинскаяи кишвари Олтой), лётчик – кайҳоннаварди СССР, генерал – лейтенанти авиация (1979),Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1961). Аъзои КПСС аз соли 1961.
Баъди хатми Омузишгоҳи ҳарбии авиационии Сталинград (1967) дар қисмҳои ҳарбии авиационӣ хизмат кардааст. Дар отряди кайҳоннавардон аз соли 1960. Августи 1961 дар киштии кайҳонии «Восток-2» ба кайҳон парвоз намуд. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 6—7). Бо ду ордени Ленин, медалҳо ва бисёр ордепҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …