Маълумоти охирин

ТИРМОР

ТИРМОР (psammophis Jineolatus), мори безаҳрест аз оилаи Colubridae. Танаш борики дароз (то 120 см), пулакчаҳояш ҳамвор, гавҳараки чашмаш гирда, рангаш хокистарии кабудтоб ё бӯртоб; дар сар ва тахтапушташ чор рахи хокистарранги тира, якто рахи равшан ва ду рахи сафед дорад.

tirmor

Тирмор дар биёбону нимбиёбонҳои явшонзор ва доманакӯҳҳои зардхоки Осиёи Пеш ва Марказӣ дида мешавад; дар СССР дар Осиёи Миёна, Ҷануби Қазокистон ва Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Нахҷувон паҳн шудааст; дар баъзе ҷойҳо дар баландии то 1500 м аз солиҳили баҳр  вомехӯрад. Тирмор ниҳоят тез (мисли тир) ҳаракат мекунад. Ғизояш асосан калтакалосҳо мебошад. Аз хоби зимистона моҳи март бедор мешавад; то моҳҳои октябр— ноябр фаъол аст. Моҳҳои июн — июл 4—10 тухм мегузорад, охири июл ва аввали август аз онҳо насли нав мебарояд. Газидани Тирмор ба одам безарар аст.

Адабиёт: Саидалиев С. А., Земноводные и пресмыкающиеся Таджикистана, Душанбе, 1979.                                           С. Саидалиев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …