Маълумоти охирин

ТИРМИС

ТИРМИС, лупин (lupinus), як ҷинси гиёҳҳои яксола ва бисёрсолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Пояаш рост, то 1,5 м қад мекашад. Баргаш паршакл, гулаш зард, сафед, кабуд, ғилофакаш серпашмаки ҷигарранги асосан 3—5 тухма. Дар дунё 200 намуди Тирмиси худрӯй месабзад.

lupinus_polyphyllus1

Дар СССР 4 намуди Тирмис (L Angustifoliua, нигаред расм, L Albus, L Luteus, L Luteus ва L Polyphylym)-ро кишт мекунанд. Тирмис зироати қадимист. Онро римиҳои қадим чун растании доруӣ ва хӯрокворӣ мепарвариданд. Тирмис зироати намиталаб, сармобардор ва хӯроки серғизои чорвост. Дар СССР (РССБ, Украина, вилояти Брянск ва ғайра) ҳар сол ба 1,5 млн га Тирмис мекоранд ва аз ҳар га 300—400 ц баргу пояи сабз (то 15 ц дон) меғундоранд. Хошокаш 25%, донаш то 46% сафеда дорад. Асосан навъҳои «Быстрорастущий 4», «Желтый 45—46», «Носовский белосемянный» ва ғайраро кишт мекунанд. Тирмис хокро сернитрогену ҳосилез мегардонад. Шароити Тоҷикисто низ барои кишти Тирмис мусоид аст.

А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …