Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Ёдгории бостонии ТИРКАШТЕППА

Ёдгории бостонии ТИРКАШТЕППА

ТИРКАШТЕППА, ёдгории бостонии асрҳои 3—6 мелоди дар птш Табошари шаҳри Чкалови вилояти Ленинобод, ҳудуди давлати қадими Илоқ. Тиркаштеппаро солҳои 1980—81 бостоншиносон Е. Д. Салтовская ва Ӯ. Пӯлодов тадқиқ намуданд. Тиркаштеппа дар теппаи баланд аз хишти хом ва похса бино ёфтааст. Аа Тиркаштеппа се қабати маскун кашф шуд. Аз бинои қабати боло танҳо се хона боқӣ мондааст ва он шояд як қисми кӯшк бошад. Аз рӯи услуби биносозӣ, ҳаҷми хишт ва зарфҳои сафолӣ он ба асрҳои 5—6 мансуб аст. Тахмин меравад, ки бинои қабати сеюм маъбади олиҳаи ҳосил ва об— Анаҳито буда, ба асрҳои 3—4 мансуб аст.                Р. Пӯлодов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …