Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИМОШЕНКО Семён Константинович

ТИМОШЕНКО Семён Константинович

tioshenko-s

ТИМОШЕНКО Семён Константинович (18. 2. 1895, деҳаи Фурманка, ҳозира Фурмановкаи ноҳияи Килинскии вилояти Одесса— 31. 3. 1970. Москва), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1940), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1940 ва 1965). Аъзои КПСС аз соли 1919. Аз оилаи деҳқон.
Аз соли 1915 дар сафи армия. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18). Баъд аз Револютсияи Октябри 1917 дар торумори калединчиён иштирок дошт. Солҳои 1918—20 командири полк, бригада, корпус, ва дивизияи савора буд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) Тимошенко сарфармондеҳи Самти Ғарбӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ, фармондеҳи қӯшунҳои фронтҳои Ғарбӣ, Ҷанубу Ғарбӣ Сталинград ва Шимолу Ғарбӣ буд. Баъди ҷанг ба қӯшунҳои округҳои ҳарбии Барановичи (1945—46), Урали Ҷанубӣ (1946—49) ва Белоруссия (1949—60) фармондеҳӣ кард. Аз марти 1960 Инспектори геноралии гурӯҳи инспекторони генералии Вазарати мудофиаи СССР. Солҳои 1961—70 раиси Комитети сооветии ветеранҳои ҷанг. Солҳои 1939—52 аъзои Комитети Марказии ВКП(б), 1952—70 номзад ба аъзои Комитети Марказии КПСС. Депутати Савети Олии СССР (даъватҳои 1—7). Бо 5 ордени Ленин, 9 ордени дигар ва медалҳо, инчунин якчанд ордену медалҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст. Дар девори Кремли Майдони Сурх мадфун аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …