Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТИМПАНИЯ

ТИМПАНИЯ

ТИМПАНИЯ (аз юнонӣ tympanon — нақора, табл), як навъ касалии чорвои жовандаро гӯянд, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд хӯрдани хӯроки зуд туршанда рӯй медиҳад ва аз гази ғуншуда шиками чорво дам мекунад. Тимпания шадид ва музмин шуда метавонад.

timpaniya
Сабаби Тимпанияи шадиди аввалин: аз ҳад зиёд (махсусан баъди борон ва шабнамзанӣ) хӯрдани алафи сабзи сершира (сабза, ҷуворимаккаи дулмул, майсаи растаниҳои тирамоҳӣ, барги карам, лаблабу, себарга, мунч, юнучқа ва ғайра); фаровон хӯрдани хӯрокиҳои серғизо (концентрат); ҳангоми хӯрдани алафи сабз ё баъди он ба чорво додани об. Ба чорво додани туфолаву хӯрокиҳои резаи вайроншуда, бехмеваҳои пӯсида ва ғайра низ боиси Тимпанияи суст инкишофёбанда, вале хеле бардавом мешавад. Тимпанияи шадиди дуюмин ҳангоми қабзияти сурхрӯда, хӯрдани растаниҳои заҳрнок (аҷалгиёҳ, савринҷон ва ғайра), ки девораҳои шикамбаро фалаҷ ва касалии табларзаи шадидро ба вуҷуд меоварад, рӯй медиҳад. Тимпанияи музмин одатан ҳамчун касалии дуюмин ҳангоми касалиҳои узвҳои ҳозима, ҷягар, перитонит ва ғайра пайдо мегардад.
Тимпания якбора ҳангоми хӯрокдиҳӣ ё баъди чанд вақт сар мешавад. Аломати асосии он: калон шудани қисми чапи ҷавфи шикам. Баробари зиёд шудани дами шикам чорво беқарор мешавад; дум меафшонад, ба шикамаш нигоҳ мекунад, бо пойҳои қафояш ба шикамаш заданӣ мешавад. Аз дамкунии шикам нафасирии чорво хеле душвор мегардад. Ҳангоми вазнин будани Тимпания чорво нафастанг ва ҳалок (агар ёрии байторӣ нарасонанд) мешавад.
Муолиҷа: забони чорворо бо як низоми муайян мекашанд ё барои ихроҷи газ ба вена нақӯи моҳизаҳраҷ мефиристанд; барои адсорбсияи газ ва кам кардани туршшавӣ ба даҳони чорво шири нав дӯшида (скилидар низ ҳамроҳ кардан мумкии) ва ихтиоли обдор мерезанд; ба
чорво доруҳои зидди кафкӣ (равғани офтобпараст, канакунҷид ва ғайра), сикаден, антиформола ва ғайра медиҳанд. Дар ҳолати вазнин будани Тимпания ба шикамбаи чорво нештар (троакар) мезананд (бо мақсади пешгирии анемия — камхунии майнаи сар) ва гази онро оҳиста-оҳиста мебароранд. Баъд чорвои касалро 12—24 соат гурусна нигоҳ медоранд, сипас ҳар шаборӯз ба он 5—6 маротиба кам- кам хӯрок (силос, хасбеда, лаблабуи қанд) медиҳанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …