Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИМАКОВ Владимир Дмитриевич

ТИМАКОВ Владимир Дмитриевич

timakov-vd

ТИМАКОВ Владимир Дмитриевич (9. 7. 1905, дехаи Пустотано, ҳозира раёни Кораблински вилояти Рязань— 21. 06. 1977, Москва), микробиологи совотӣ, академик Академияи Фанҳои СССР (1968) ва Академияи Илмҳои Тоҷикистон СССР (1952; аъзо-коррспонтент 1948), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1975). Аъзои КПСС аз соли 1941. Асарҳои асосии Тимаков ба омӯзиши қонуниятҳои ҷараёни эпидемӣ, дарёфти восита ва усулҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, тағйирназирӣ ва генетикаи микроорганизмҳо, масъалаҳои вирусологӣ, аз ҷумла бактериофагия оиданд. Тимаков аъзои Академияи Фанҳои Булғория (1969), вакили съездҳои 24 ва 25-уми КПСС, Депутати Совети Олии СССР (даъвати 9). Лауреати мукофоти ленинӣ (1974, якҷоя бо К. Я. Каган) ва Мукофоти давлатии СССР (1952).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …