Маълумоти охирин

ТИМ

ТИМ, иншооти савдо, раста. Тимҳо асосан ҷои харидуфурӯшанд. Мувофиқи маълумотл сарчашмаҳои асри 15 дар Регистони Самарқанд Тимъи телпакфурӯшон мавҷуд будааст. Маъмулан дар боҳору растаҳо Тимҳо мавҷуд буданд, ки ҳоло ҳам намунаҳои онро дар бозорҳои мамлакатҳои шарқи мусулмони пайдо намудан мумкин аст. То замони мо фақат Тими Абдуллоҳдон (асри 16, Бухоро), ки барои савдои матои шоҳӣ сохта шуда буд, боқӣ мондааст. Тими Абдуллоҳхон бинои мураббаъ буда, гунбазҳои бадҳӣ дорад ва дохилаш бо қатори сутунҳо тақсим карда шудааст. Гунбази марказии иншоот ба ҳашттарк такя вамуда, дар байни рӯяҳояш равоқтоқҳои нӯтборик сохтаанд. Толори гунбазпӯши малон аз чандин айвони гунбазчадор иборат аст. Дохили бино ба равоқтоқҳо тақсим шудааст, ки ин барои ҷойгиршавии дӯконҳои савдо мувофиқ аст. Бо вуҷуди мураккабии зоҳирӣ антерери он фазои яклухт дорад. Р. М. Додобоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …