Маълумоти охирин

ТУЛХОР

ТУЛХОР, қабристон дар водии Бешкенти райони Шаҳртузи вилояти Қӯргонтеппа, наздикии қаторкӯҳҳои Боботоғ 5 км шимол-ғарбтари Чилучорчашма. А. М. Мандельштам (1955—59) тадқиқ намуд. Аз қабрҳои давраи биринҷӣ ва қурғонҳои пеш аз давраи Кушониён иборат аст. Қабрҳои ҳар ду давра гуногунанд. Аз онҳо зарфҳои гуногуни сафолин, ашёи биринҷӣ ва сангӣ, мӯҳраҳо ва дигар асбобҳои зебу зинат ёфт шудаанд, ки ба асрҳои 10—2 то милод мансубанд.
Л. Т. Пьянкова.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …