Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТӮЛҚУН Маҳмуд

ТӮЛҚУН Маҳмуд

ТӮЛҚУН Маҳмуд (Тӯлқунов Маҳмуд Рӯзиевич; 1.7.1913, деҳаи Чекхитои райони Боғдоди вилояти Фарғона —22. 9. 1983, Душанбе), шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон. Аъзои КПСС аз с. 1944. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон (1973). Омӯзишгоҳи педагогӣ ва Институти муаллимии Тошкентро ба итмом расонид (1934). Аз соли 1946 дар матбуот кор мекард. Нахустин маҷмуаи шеърҳо ва достонҳояш — «Тантана» мебошад (1948). Сипас маҷмуаҳои дигари Тӯлқун «Муҳаббати ҳақиқӣ» (1954), «Шодмонӣ» (1958), «Парвоз» (1960), «Чароғ» (1964) ба табъ расиданд. Тӯлқун муаллифи достонҳои «Хушбахтҳо», «Баҳори Ленин» (ҳарду 1980), «Пахтакорон», «Комсомол ва бӯрон» (ҳарду 1969) мебошад. Соли 1968 маҷмуаи очеркҳои таърихии Тӯлқун «Кашшофони инқилоб» аз чоп баромад, ки дар онҳо роҷеъ ба мубориза бар зидди босмачиён сухан меравад. Маҷмуаҳои солҳои охираш «Дафтари умр» (1974) ва «Нишони ман» (1980) мебошад. Шеърҳои М. Турсунзода, М. Миршакар, М. Раҳимӣ, Б. Раҳимзода ва дигаронро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Бо ордени «Шараф» (дараҷаи 3), медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. мукофотонида шудааст.
Ал.: Писатели Таджикистана, Д. 1986.
М. Музаффарова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …