ТИФЛОПЕДАГОГИКА (аз юнонӣ typhlos — кӯр ва педагогика), як соҳаи дефектологияро номанд, ки ба масъалаҳои таълиму тарбия, маълумот ва таиёрии меҳнатии шахсони нобино (кӯри модарзод, қувваи босираашон суст, кӯру кар) машғул аст. Маркази Тифлопедагогикаи советӣ — Институти тадқиқоти илмии дефектологияи Академияи Илмии Педагогӣ. Дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. 2 мактаби нобиноён вуҷуд дорад (1986). Х. Раҳимов.
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …