Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЫЧИНА Павло

ТЫЧИНА Павло

ТЫЧИНА Павло (Павел Григорьевич; 27. 1. 1891, деҳаи Пески вилояти Чернигов —16. 9. 1937, Киев), шоири советии украин, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, академики Академияи Фанҳои РССУ (1929), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1967). Аъзои КПСС аз соли 1944. Институти савдои Киевро хатм намудааст (1917). Асарҳояш аз соли 1912 нашр мешаванд. Вассофи революцияи сосиалнстӣ буд (маҷмӯаҳои «Омоч», «Ба ҷои сонетаҳо ва октаваҳо» — ҳарду 1920). Дар маҷмуаи шеърҳои «Насими Украина» (1924) ҳисси ватандӯстӣ ва интернасионализм ифода ёфтааст. Ноябри 1933 дар газетаи «Правда» ба забони украинӣ шеъри «Партия раҳнамост» (маҷмуаи «Партия роҳнамост» 1934; тарҷумаи тоҷикӣ 1939) нашр шуд. Ин шеър дар адабиёти советӣ ҳамовозии васеъ пайдо кард ва ба инкишофи мавзӯи дӯстии халқҳо мусоидат кард. Дар маҷмӯаҳои «Ҳиссиёти хонандони иттиҳод» (1938; Мукофоти давлатии СССР, 1941), «Пӯлод ва нармӣ» (1941) таҳқиқи мавзӯи ватандӯстии советӣ, интериасионализми сосиалистӣ ва сулҳро идома додааст. Солҳои 30 Тичина достони «Шамшерн Котовский» (1938) ва достони драмавии «Шевченко ва Чернышевский»-ро (1939) 6а табъ расонд. Шеъру достонҳои давраи ҷангии Тичина дар китоби «Ғалаба ва зиндагӣ кардан зарур!» (1942) гирд омадаанд. Мақолаҳои публисистии Тичина ҷанговарони советиро ба қаҳрамониҳо рӯҳбаланд менамуданд. Баъди Ҷанги Бузурги Ватани то солҳои 60 як силсила маҷмӯаҳо, асарҳои адабиётшиносӣ, шеъру афсонаҳои Тичина ба табъ расиданд. Ашъори шоирони тоҷикро ба украинӣ гардондааст. Аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Украина (соли 1952—59 ва аз 1960). Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2—5). Солҳои 1953—59— раиси Совети Олии РССУ. Ҷонишини раиси Совети Миллатҳои Совети Олии СССР (1954—62). Бо 5 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Осор: Москваи тавоно (Шеърҳо), Сталинобод, 1961.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …