Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТИББИ ЮСУФӢ»

«ТИББИ ЮСУФӢ»

«ТИББИ ЮСУФӢ» Ё «ҶОМЕЪ-УЛ- ФАВОИД» асари Юсуф ибни Муҳаммад ибни Юсуфи Табиб, ки соли 1500 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Асар аз якчанд қисм иборат аст. Қисмл аввал дархусуси муолиҷаи бемориҳо баҳс мекунад. Дар ин қисм аввал номи беморӣ зикр ёфта, баъд аломату хусусиятҳои он мухтасар баён ва сипас бо як ё ду рубоӣ тарзи муолиҷаи он ифода мешавад. Агар таркиби дору мураккаб бошад, он вақт баъди рубоӣ таркиб ва тарзи тайёр кардани он бо наср маънидод мешавад. Дар аввали ҳар рубоӣ номи беморӣ ва баъд усули муолиҷаи он баён шудааст. Чор рисолаи аввал мансур аст: 1) «Ситтаи зарурия» (дар бораи ҳаво, хӯрокӣ ва нӯшокӣ, ҳаракат ва сукуни ҷисмонӣ; ҳаракат ва сукуни нафсони, хоб ва бедорӣ, нитоҳ доштани моддаҳо дар бадан ва изолаи онҳо аз бадан), 2) «Рисолаи далоил-ун-набз» (чигунагги набаро маънидод мекунад), 3)«Рисолал далонл-ул-бавл» (дар бораи шоша баҳс мекунад), 4)«Мухтасар-ул-баён, фӣ заруриёт-ил-бӯҳроя» (баёни мухтасари маълумоти муфид доир ба бӯҳрони бемориҳо). Баъди он се рисолаи хурди манзум (Рисолаи ҳифзи сиҳатни бадан, Рисолаа маъқул ла машруб, «Муқаттаоти Юсуфӣ» меояд, ки ба масъалаҳои гуногуни тиб ва хосияти коддаҳои гуногун оиданд. Нусхаи дастхати ин асар дар Лакҳнав (Ҳиндустон) соли 1908 чопи сангӣ шудааст.
Адабиёт: Капринов В. А. Раҳим Xошим, Хикмати асрҳо (Мунтахаб аз рисола ва луғатҳои тибби қадим), Душанбе, 1975.
Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …