Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / ТИББИ СПОРТӢ

ТИББИ СПОРТӢ

ТИББИ СПОРТӢ, маҷӯи тадбирҳои назоратист, барои беҳдошти саломатӣ ва сари вақт ошкор намудани бемории варзишгар. Истилоҳи Тибби спортӣ нисбатан нав буда, онро ба ивази «назорати духтурӣ» истифода менамоянд. Тибби спортӣ аз таъсири мутақобилан илми тиб (гигиена, анатомия, физиология, биохимия, терапия, ҷарроҳия ва ғайра) ва фанҳон спортӣ (назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ, педагогика ва психологияи спортӣ ва ғайра) ба вуҷуд омадааст. Ҳамчун илм ва амалия Тибби спортӣ вазифаю услуб, назария ва масъалаҳои илмию тадқиқотии махсус дорад. Яке аз хусусиятҳои муҳимми Тибби спортӣ ҷилавгирии ҷараёни тамрин (тренировка) мебошад.

tibbi-sporti
Соли 1946 дар Комитети физкултура ва спорти назди Совети Вазирони СССР аввал сексия, баъдтар (соли 1952) Федерасияи тибби спортии СССР ташаккул ёфт. Барои тайёр кардани духтурони соҳаи спорт солҳои 60 дар факултети тиббии Университети Тарту шӯъбаи тибби спортӣ таъсис ёфт. Кафедраи аввалини тибби спортӣ дар Институти марказии физкултура (шаҳри Москва) соли 1969 кушода шуд. Ҳоло ҳамаи институтҳои физкултураи мамлакат кафедраи Тибби спортӣ доранд. Масъалаҳои илмию методии Тибби спортӣ дар журнали «Теория и практика физической културы и спорта» (аз соли 1937) чоп мешаванд. Дар Тоҷикистон якумин кафедраи тибби спортӣ дар Институти тарбияи ҷисмонӣ соли 1974 таъсис ёфт.
Адабиёт: Спортивная медисина (китоби дарсӣ), Москва, 1980.
Н. Қобилов.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …