Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТИБ – илми тандурустӣ

ТИБ – илми тандурустӣ

ТИБ, Духтурӣ, пизишкӣ, илии табобат, илми тандурустӣ, як соҳаи илм ва тадбирҳои илмиеро гӯянд, ки масъалаи ҳифзи саломатӣ, дароз кардани умр ва пешгирию муолиҷаи бемориҳои инсонро меомӯзад. Абӯалӣ Сино дар «Ал-Қонун» Тибро чунин таъриф додааст: «Тиб илмест оид 6а омӯхтани тани инсон дар ҳолати саломатӣ ё беморӣ ва баргардонидани саломатие, ки рӯ ба заъф овардааст…» Исмоили Ҷурҷонӣ дар «Захираи Хоразмшоҳӣ» Тибро санъате медонад, ки дар он табиб аз вай андар ҳолҳои тани мардум ва дурустӣ ва бемории ӯ нигоҳ кунад, то чун тандуруст бошад, ба саноати Тиб тандурустӣ бар вай нитоҳ дорад…».
Тиб барои беҳбудии зиндагӣ, меҳнату истироҳат, хобу хӯрок шароити бошишгоҳу иқоматгоҳ, бар зидди бемориҳои одам ва ғайра тадбиру тавсилҳои илмии судманд меандешад. Асосҳои илми Тиб дар тӯли асрҳо ташаккулу такомул ёфтаанд. Тиб аз фаслу соҳаҳои зиёде иборат буда, онро шарти ба 3 гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1) фанҳои тиббию биологӣ — анатомия, гистология, ситология, радиобиология, физиологияи нормалӣ (илм доир ба фаъолият ва вазифаҳои мӯътадили бадан), анатомияи патологӣ, физиологияи патологӣ, биохимия, биофизика, иммунология, аллергология (илм оид ба бемориҳои аллергӣ), фармакология, токсикология, микробиология, бактериология, вирусология, паразитология, аз он ҷумла гелминтология, генетикаи тиббӣ; 2) фанҳои клиникӣ — терапия (кардиология, ревматология, пулмонология, нефрология, гастроэнтерология ва гематология), фтизиатрия, эндокринологияи клиникӣ, гериатрия, геронтология, педиатрия, невропатолология, психиатрия, дерматовенерология (илм оид ба бемориҳои пӯст ва ҷимой), курортология, физиотерапия, варзиши шифоӣ, радиология, рентгенологияи тиббӣ, стоматология, момоию дардҳои занона, ҷарроҳия, травматология ва ортопедия, анестезиология ва реаниматология, нейрохирургия, онкология, урология, оториноларинология, офталмология ва ғайра, ки сабаб, тарзи пайдоиш ҷараён, аломат, илоҷ ва пешгирии бемориҳоро дар бар мегиранд; 3) фанҳои тиббии иҷтимоӣ ва гигиенӣ (гигиенаи иҷтимоӣ ва ташкили нигаҳдории тандурустӣ, гигиенаи умумӣ, гигиенаи кӯдакон ва наврасон, гигиенаи ҷамъиятӣ, гигиенаи хӯрок, гигиенаи радиасионӣ, гигиенаи меҳнат, эпидемиология ва тибби ҷуғрофӣ, деонтологияи тиббӣ), ки ба организм таъсир кардани муҳити беруна ва тадбирҳон беҳтар намудани саломатии аҳолиро меомӯзанд (нигаред низ Гигиена). Дар натиҷаи равнақи илм, хусусан дар нимаи дуюми асри 20, собиқ шохаҳои Тиб ба соҳаҳои мустақил табдил ёфтанд (масалан, тибби кайҳонӣ, тибби судӣ, тибби ҳрбӣ) ё аз ду-се соҳаи мустақили илм як фанни нав пайдо шуд («масадан, анестезиология аз ҷарроҳия, фармакология ва ғайра; фармакологияи клиники аз терапия ва фармакология; психофизиология аз психология ва физиология).

teraliya
Тиб аз қадимтарин илму ҳирфаҳои инсонист. Дар ибтидо амалиёти тиббӣ хеле оддӣ буд. Баъдтар ботадриҷ усулҳои соддаи ҳифзи бадан аз таъғири зарарноки муҳит (зинаи аввали тибби халқӣ) ба амал омаданд. Ҳангоми шикор захмнок шудани одамон бошад, боиси такмил ёфтани ёрии оддии тиббӣ (тарзи табобати захм, шикастагию баромадагии устухон ва ҒАЙРА) гардид. Замонҳои қадим одамон ақида доштанд, ки дард чизи зинда (ҷондор) буда, ба бадан аз берун медарояд. Зимни чунин ақидаи нодуруст боварӣ ба ҷину дев, албастию Аҳриман, рӯҳу арвоҳ ва ғайра расм шуд, ки дар натиҷа амалиёти ҷодугарию афсунгарӣ, дуою азоимхони, тӯморкунӣ, бахшигӣ, фолбиӣ, қурбоникунӣ ва ғайра ба амал омаданд. Одамони Мисри Қадим асли пайдоиш ҳаёт, марг, саломатӣ ва беморонро аз таъсири бод медонистанд. Дар мактабҳои тиббии ин ҷо, ки «хонаи ҳаёт» ном доштанд, табибон аз рӯи китобҳои махсуси давокунӣ (қарободинҳо) амал мекарданд. Табибони Миср усулҳои гуногуни ҷарроҳӣ (сӯрох кардани косахонаи сар, чоки Қайсар, пора карда кашида гирифтани ҳамл аз бачадон ва ғайра)-ро медонистанд. Дар Мисри Қадим махсусан ба ободонию тозагии шаҳрҳо диққат медоданд. Дар Ошур ва Бобулистон тасаввуроти умумибиологӣ ба эътирофи вуҷуди чор унсур (об, оташ, хок, бод) такя мекард ва аз ин рӯ таълимот дар бораи чор моя — хилтҳои бадан ва омехтагии онҳо ба миён омад. Табибони ин ҷо барои хубтару аниқтар ташхис кардани беморӣ ва маълум намудани пешомади он хун, пешоб ва шири занро месанҷиданд. Бо мақсади нест кардани касалиҳои гузаранда беморонро аз маҳалҳои одамнишин дур нигоҳ медоштанд ва сару либос, чизу чораи онҳоро месӯзонданд. Табибонн Ҳинд доир ба як қатор бемориҳо (доъулфил, таби ярақонии хунрез, вабо, тоун, ҳорӣ, ҷузом ва ғайра) тасаввуроти дуруст дошта, усулҳои бо ёрии навою сурудҳои форам ва оҳангу нағмаҳои дилнишини мусиқӣ муолиҷа намудани беморонро истифода мебӯрданд. Аз нишондодҳои Аюрведа бармеояд, ки он вақтҳо чок карда омӯхтани ҷасад мумкин будааст. Табибони Ҳинд ба масъалаҳои ташхиси дард диққати калон медоданд. Дар ин ҷо махсусан амали шикамчоккунӣ, парма кардани ҷумҷума, беруновардани санги пешобдон, бастани рагҳои хуншор ва ҷарроҳии тармимӣ (пластикӣ) хуб ба роҳ монда шуда буд. Дар Чин барои муолиҷаи беморӣ зиёда аз 2 ҳазор дору (симоб, решаи ревоҷ, кофур ва ғайра)-ро кор мефармуданд, ки баъзеашон дар Тиби муосир низ истифода мешаванд. Дар асри 6 то мелод Бян Цио бори аввал усули набзсанҷӣ ва сӯзанзаниро ҷорӣ намуд. Табибони Чин усули пешгирии чечак — нағзакканиро дар аҳди то мелод медонистанд. Доир ба Тиби Эрони Қадим дар Авесто маълумоти зиёд ҳаст. Табибони Эрон ҳангоми ҷарроҳӣ аз асбобҳои гуногун, воситаҳои рагбандӣ ва захмдӯзӣ, моддаҳои карахт ва беҳискунанда истифода мебурданд.
Тиби Юнони Қадим дар натиҷаи истифодаи маълумоти Тиби Шарқ бештар тараққӣ кард. Асосгузорони Тибби Юнони Қадим Буқрот, Дисқуридус (Диоскорид) ва дигарон мебошанд. Масъалаҳое, ки онҳо мавриди тадқиқ қарор дода буданд, чунинанд: таълимот оид ба хилт (моддаҳои асосии моеъи дохили бадан — хун, балғам, сафро ва савдо), 4 хусусияти иқлим — ҳарорат (гармӣ), бурудат (хунукӣ), рутубат (намӣ), юбусат (хушкӣ) ва мизоҷ.
Дар тараққиёти Тиби Рими Қадим саҳми Ҷолинус калон аст.
Тиби халқҳои Осиёи Миёна таърихи бисёрсола дошта, дар замони тоисломи ба ҷарроҳӣ, чашмпизишкӣ, момоӣ, рӯҳпизишкӣ ҷудо мешуд. Табибон барои ҷарроҳӣ асбобҳои гуногун ва барои бедард кардани амалиёти он бошад, афъюн, нашъа, май ва ғайраро истифода мебурданд. Асрҳои 9—11 дар Бухоро, Урганҷ, Самарқанд, Марв, Хуҷанд ва ғайра муассисаҳои илмию китобхонаҳо таъсис ёфтанд. Табибони Осиёи Миёна ба забонҳои арабӣ ва дарӣ-форсӣ-тоҷикӣ асарҳои зиёд навиштаанд, ки «Ал-Ҳовӣ»-и Абӯбакри Розӣ, «Тибби Мансурӣ»-и Берунӣ, «Ал-Қонун»-т Абӯ-алии Сино, «Ҳифз-уссиҳҳат»-и Алии Табарӣ, «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и. Исмоили Ҷурҷонӣ, «Китоби ғино ва муно»-и Абӯмансур, «Дастур-ул-илоҷ»-и Султон Алӣ; «Иҷолаи нофиа»-и Ҳаким Муҳаммадшарифхони Деҳлавӣ, «Тӯҳфат-ул-муъминин»-и Мир Муҳаммадзамони Дайламӣ, «Тибби Акбарӣ»-и Муҳаммад Акбар. «Ихтиёроти бадеӣ»- и Алӣ ибни Ҳусайни Ансор ва ғайра амсоли онанд.
Тиб дар Европа асосан дар давраи Эҳё рӯ ба тараққӣ ниҳод. Соли 1543 асосгузори анатомияи муосир А. Везалий китоберо бо номи «Доир ба сахти бадани одам» навиша, сохту вазифаҳои бадани инсонро аниқ баён намуд. Соли 1628 духтури англис У. Гарвей гардиши хунро кашф карда, ба физиология асос гузошт. Баъдтар духтури итолиёӣ С. Санторио мубодилаи моддаҳоро дар организми одам омӯхт ва ҳамроҳи Ҷ. Борелли ва Р. Декарт ятрофизикаро бунёд кард. Соли 1676 А. Левенгук мавҷудоти микроскопии зиндаро кашф намуда, асосгузори микробиология шуд. Яке аз комёбиҳои нисбатти муҳимми Тиби амалии асри 10 ба вуҷуд омадани таълимот дар бораи бемориҳои сироятӣ (Ҷ. Фракасторо) ва бунёди асосҳои илми ҷарроҳӣ (А. Паре) мебошад. Яке аз комёбиҳои бузургтарини Тиби асри 19 кашфи назарияи ҳуҷайра (Я. Пуркине, М. Я. Шлейден, Т. Шванн ва дигарон) мебошад. Дар инкишофи Тиби Россия саҳми олимоии рус Е. О. Мухин, И. Е. Дядковский, А. М. Филомафитский, М. В. Ломоносов, И. М. Сеченов, С. П. Боткин, И. П. Павлов, А. А. Ухтомскяй Й. И. Меяннков ва дигарон калон аст.

tib-duxtur
Асрҳои 19—20 ба туфайли пешрафти илмҳои табиатшиноси ва техника усулҳои ташхис ва муолиҷаи бемориҳо такмил ёфтанд, ки ин боиси кам ва ё зиёд шудани баъзе бемориҳо (хуноқ, фалаҷи бачагон полиомиелит, ҳорӣ, сурхча, махмалак ва ғайра) гашт. Зимни тараққиёти техникаи тиббӣ бошад, дил ва гурдаи сунъӣ ихтироъ шуданд. Кашфи нурҳои рентгенӣ ба рентгелология замина гузошт. Тадқиқотҳои минбаъдаи тиббӣ барои пайдонши гигиенаи радиационӣ ва бо мақсади ташхису муолиҷа кор бурдани изотопҳои радиоактив мусоидат намуданд; радий ва моддаҳои радиоактивӣ барои муолиҷаи бемориҳо васеъ истифода шуданд. Тиб махсусан баъди истифодаи асбобҳои электронӣ, ки дар натиҷа усулҳои нави бақайдгирии функцияи узву системаҳои бадан ба амал омаданд, босуръат тараққӣ кард. Дар инкишофи Тиб таъсири генетика низ хеле калон аст. Омӯзиши бемориҳои ирсӣ боиси пайдоиши генетикаи тиббӣ гардид. Омӯзиши қонунҳои ирсияти антигенҳо ва дигар омилҳои иммунитет иммуногенетикаро ба вуҷуд овард.
Солҳои 1950 иммунологияи омосҳо пайдо шуда, иммунологияи радиасиони, иммуногематология, усулҳои иммунодиагностика, иммунотерапия тараққӣ карданд. Аввали асри 20 Л. Эрлих ба химиотерапия асос гузошт.
Соли 1928 А. Флеминг муқаррар намуд, ки як намуди занбӯруғи мағорӣ моддаи зиддибактериявӣ — пенициллин хориҷ мекунад. Баъдтар (солҳои 1939—40) X. Флори ва Э. Чейн методикаи истеҳсоли пенициллинро кор карда, ба антибиотикотерапия асос гузоштанд. Дар СССР пениициллин соли 1942 дар лабораторияи З. В. Ермолева ҳосил карда шуд. Охири асри 19 Ш. Броун-Секар ва дигар таълимотеро оид ба ғадудҳои усораи дарунӣ пешниҳод намуда буданд, ки он асри 20 ба фанни мустақил — эндокринологил табдил ёфт. Дар тараққиёти андокринология ва гинекология кашфи гормонҳои ҷинсии занона аҳамияти калон дошт. Дар натиҷаи вусъати ҳаракатҳои ҷангӣ ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ ба миён омад.
Тадқиқоти дар соҳаи ҷарроҳия тармимӣ гузаронидаи В. П. Филагов дар тамоми ҷаҳон эътибор пайдо кардаанд. Дар пайдоиши нейрохирургия (ҷарроҳии асаб) саҳми А. Л. Поленов, Н Н. Бурденко, X. У. Кушинг ва дигарон арзанда аст. Дар натиҷаи бо роҳи ҷарроҳӣ табобат кардани бемориҳои узвҳои пешоб илми мустақил — урология ба вуҷуд омад. Аввали асри 20 онкология ба амал омад, ки асоогузори он дар СССР Н. Н. Петров ва П. А. Герцен мебошанд. Мубориза бо грипп, гепатити вирусӣ, камхунин мушаки дил, баландшавии фишори хун, саратон, зарбу лат, бемориҳои рӯҳӣ ва ғайра масъалаҳои асосии Тиби муосиранд.
Тиб дар СССР баъди ғалабаи Революсияи Кабири Сосиалистии Октябр хеле тараққӣ кард: муассисаҳои сершумори илмию амали, мактабҳои олию миёнаи тиббӣ бунёд ва аксар бемориҳои вогири хавфноку иҷтимоӣ барҳам дода шуданд. Соли 1944 дар Москва Академияи илмҳои тиб (АИТ) таъсис ёфт. Дар тараққиёти назарияи Тиб саҳми А. А. Богомолец, А. Д. Сперанский, П. К. Анохин, Л. А. Орбели, В. Н. Черниговский ва дигарон калон аст. Ёрии тиббӣ дар СССР бепул ва ба ҳама дастрас мебошад. Дар СССР барои мамлакатҳоп тараққиёбанда мутахассисони соҳаи Тиб тайёр мекунанд. Соли 1970 «Асосҳои қонуни Иттифоқи Республикаҳои Советии Социалисти ва Республикаҳои иттифоқӣ дар бораи нигаҳдории тандурустӣ» ва соли 1982 қарори Комитети Марказии КПСС ва Совети Вазирони СССР «Дар бораи чораҳои иловагии беҳтар намудани муҳофизати тандурустии халқ» баромад. Олимони советӣ дар корҳои ҷамъияту иттифоқҳои илмии байналхалқӣ, ташкилотҳои махсуси ТДМ ва пеш аз ҳама Ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурусти иштирок мекунанд.
Инкишофи минбаъдаи Тиби тоҷик ба солҳои Ҳокимияти Советӣ рост меояд. Аз давраи тоинқилобӣ чандин бемориҳои оммавию иҷтимоӣ ва ангаливу сироятӣ (масалан, вабо, тоун, чечак, вараҷа лейшманиоз, ришта, сил, сифилис, трахома, домана ва ғайра) мерос монда буданд. Баъд аз Инқилоб як қатор духтурон (масалан, К. П. Арихбоев, М. А. Бухман, Е. Г. Ивалова, М. Н. Кешишян, А. А. Краус, Н. Н. Кутчак, Н. И. Латышев, Г. Е. Левина, Н. З. Монаков, Л. Ф. Парадоксов, С. И. Чумаков, А. И. Шуренкова ва дигарон)-и рус, украин, белорус ва ғайра барои ташкил намудани нигаҳдории тандурустӣ ба Тоҷикистон омаданд. Аввали солҳои 20 кормандони тиб асосан ба тадқиқи масъалаҳои гуногун (бемориҳон касбӣ, паҳншавӣ ва петшгирии бемориҳои сироятию паразитӣ, беҳтар намудани бо обтаъминкунии шаҳру деҳот, мубориза бо касалии безгак ва ғайра) машғул буданд. Солҳои 1934—32 дар РСС Тоҷикистон, Институтҳои тадқиқоти илмии бемориҳои тропикӣ: санитарию бактериологӣ; зидди касалии сил, табобат бо ёрии омилҳои табин таъсис ёфтаанд. Соли 1939 дар Сталинобод Институти тиббӣ кушода шуд, ки он дар тӯли 40 сол қариб 10 ҳазор духтур тайёр кард. Ҳоло Институти мазкур 5 факултет (муолиҷавӣ, педиатрӣ, такмили ихтисоси духтурон, стоматологӣ ва фармасевтӣ) дорад. Аввалин олимони советии тоҷик дар соҳаи тиб Я. А. Раҳимов, С. Ҳ. Ҳакимова, Ҳ. Ҳ. Мансуров, К. Т. Тоҷиев, М. Т. Пулодова, 3. П. Хӯҷаев мебошанд. Дар тараққиёти Тиби республика саҳми олимон 3. Я. Абдуллохӯҷаев, М. X. Бобохоҷаев, Ю. Б. Исҳоқӣ, А. Я. Орифов, А. М. Пӯлодов, А. Т. Пӯлодов, Е. Т. Тошев, Н. У. Усмонов, М. Ғ. Ғуломов, К. А. Ҳасанова ва дигарон низ арзанда аст. Соли 1955 Институти тадқиқоти илмии эпидемология ва гигиена, соли 1959 дар назди Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сосиалистии Тоҷикистон, Институти тадқиқоти илмии тибби кишварӣ (ҳозира Институти гастроэтерология) ва соли 1980 Институти тадқиқоти илмии муҳофизати саломатии модарону кӯдакон ташкил шуд. Солҳои охир олимони Республикаи Совети Сосиалистии Тоҷикистон ба тадқиқи бемориҳои дилу рагҳо, асаб, вирусӣ, касбӣ ва ғайра машғуланд. Соли 1982 дар республика зиёда аз 300 олими миллати маҳаллӣ (аз ҷумла бештар аз 40 доктори илм) кор мекард. Алҳол дар Республикаи Совети Сосиалистии Тоҷикистон якчанд илмҳо ва фаслҳои онҳо — ҷарроҳии кӯдакон, гигиенаи меҳнат, онкология, аллергология, генетикаи тиббӣ, гастроэнтерология, тибби ҷуғрофӣ, патологияи касбӣ, кардиология, лексикографияи тиббӣ, ангиохирургия, гематология, ревматология ва ғайра ривоҷ ёфта истодаанд. Ҳамаи корҳои илмии соҳаи Тибро Шӯрои илмии тиббии назди Вазорати нигаҳдории тандурустии Республикаи Совети Сосиалистии Тоҷикистон назорат мекунад. Масъалаҳои Тиб дар Республикаи Совети Сосиалистии Тоҷикистон дар журнали «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон» (аз 1933) нашр мешаванд. Нигаред низ Нигоҳдории тандурустӣ.
Адабиёт: Бородулин Ф. Р., История медицины, Москва, 1961; История медицинҷ СССР. Москва, 1964; Диалог о медицине Таллин, 1984. М. Я. Расилов

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …