Маълумоти охирин

ТИАМИН

ТИАМИН, витамин В1, аневрин, як навъ пайвасти гетеросиклист. Мансуби витаминҳои дар об ҳалшаванда. Кристалли беранг, бӯи махсус дорад. Тиаминро соли 1912 бори аввал К. Функ (Полша) аз сабӯси шолӣ ҳосил кард; дертар Тиамини синтезиро низ ҳосил карданд. Дар табиат Тиаминро растаниҳо ва баъзе микроорганизмҳо синтез мекунанд. Норасоии Тиамин дар организм боиси полипеврит (газаки асабҳо) мегардад. Талаботи шаборӯзии одам ба Тиамин 1,5 —2 мг аст. Эфирҳои фосфорӣ ва ҳосилаҳои дисулфидии Тиаминро барои муолиҷаи неврити асабияи канорӣ, диабет, бемориҳои дилу раг ва ба ихтилоли мубодилаи карбогидратҳо вобаста истифода мебаранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …