Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ПАРТИЯВӢ

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ПАРТИЯВӢ

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ПАРТИЯВӢ (то 1934— ячейкаи партиявӣ), асоси КПСС. Дар ҷои кори аъзоёни партия —дар завод, фабрика, совхоз ва дар дигар корхонаҳо, колхозҳо, қисмҳои Армияи Советӣ, муассисаҳо, мактабҳо ва ғайра дар сурати мавҷуд будани камаш 3 нафар аъзои партия ташкил дода мешавад.
Дар корхона, колхоз, муассисаҳое, ки шумораи аъзоён ва номзадҳо ба аъзоии партия дар онҳо аз 50 нафар зиёд аст, дар дохили Ташкилоти ибтидоии партиявӣ дар сех, участка, ферма, бригада, шӯъбаҳо ва ғайра ташкилотҳои партиявӣ ташкил кардан мумкин аст. Дар баъзе мавридҳо дар доираи яктанд корхонаи иттиҳодияи истеҳсолӣ, ки дар ҳудуди як ё якчанд райони як шаҳр воқеанд, Ташкилоти ибтидоии партиявӣ сохтан мумкин аст. Органи олии Ташкилоти ибтидоии партиявӣ маҷлиси партиявӣ мебошад, ки он барои пеш бурдани кори ҷорӣ ба мӯҳлати 2—3 сол бюрои партиявӣ интихоб мекунанд. Дар Ташкилоти ибтидоии партиявӣ, ки шумораи аъзоёни партия аз 15 нафар аст, котиби ташкилоти партиявӣ ва ҷонишини вай интихоб карда мешаванд. Интихобот дар ин ташкилотҳо ҳар сол барпо мешаванд. Дар корхона ва муассисаҳои калоне, ки шумораи аъзоён ва номзадҳо ба аъзоии партия аа 300 нафар зиёд мебошад ва дар мавридҳои зарурӣ хусусиятҳои истеҳсолот ва парокандагии территориявиро ба назар гирифта дар ташкилотҳое, ки шумораи камунистонаш аз 100 нафар зиёд аст (дар колхозу совхозҳо дар сурати мавҷуд будани 50 нафар аъзоёни партия), комитетҳои партиявӣ ташкил карда шуда, ба ташкилотҳои партиявии сехҳои ин корхонаҳо ва муаосисаҳо хуқуқҳои Ташкилоти ибтидоии партиявӣ дода мешаванд. Устави КПСС вазифаҳои муҳими Ташкилоти ибтидоии партиявиро муайян мекунад. Онҳо ба партия аъзоёни нав қабул мекунанд; коммунистонро дар рӯҳи садоқат ба кори партия, эътиқоди идеявӣ, ахлоқи коммунистӣ ва ғайра тарбия мекунанд. Ташкилоти ибтидоии партиявӣ корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт, сохтмон, таъминоти моддию техникӣ, савдо, хӯроки ҷамъиятӣ, хизмати коммуналӣ ва маишӣ, колхозу совхозҳо ва дигар корхонаҳои хоҷагии қишлоқ муаосисаҳои лоиҳакашӣ, институтҳои тадқиқоти илмӣ, мактабҳо, муассисаҳои маданӣ маърифатӣ ва муолиҷавӣ ҳуқуқи ба кори маъмурият назорат карданро доранд. Ташкилоти ибтидоии партиявӣ вазоратҳо, комитетҳои давлати ва дигар муассисаҳои марказӣ ва маҳаллӣ, советии хоҷаги ва идораҳои тобеи вазоратҳо аз болои кори маъмурият оид ба иҷро намудани директиваҳои партия ва ҳукумат назорат мекунанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …