Маълумоти охирин

ЧИЗ

ЧИЗ, предмети алоҳидаи олами моддиро гӯянд, ки нисбатан мустақил ва собит вуҷуд дорад. Хосияти Чиз ифодаи нисбатан умумии сифатҳои зотии он аст, мавқеъ ва нақши як Чиз дар системаи муайян тавассути алоқаҳои он бо Чигитҳои дигар ифода меёбад. Категорияи Чиз дар фалсафа махсусан то а. 19 маъмул буд. Дар адабиёти фалсафии муосир ба ҷои категорияи Чиз бештар категорияҳои объект ва предметро ба кор мебаранд. Мафҳуми Чиз дар мантиқ низ истифода мешавад. Ниг. низ Ашё.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …