Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕЗАУРУС

ТЕЗАУРУС

ТЕЗАУРУС (аз юнонӣ tezauros — ганҷ, ганҷина), як навъ луғат (фарҳанг)-и тафсири ё мавзӯӣ (соҳавӣ)- ро гӯянд, ки кулли калимаҳои таркиби луғавии забон ё тамоми калимаҳои марбути ягон соҳаи илмро дар бар мегирад. Дар Тезаурус на танҳо калимаҳои забони адабии имрӯза, балки архаизму неологизмҳо, калимаҳои китобӣ, шевагӣ ва ғайра оварда мешаванд. Ба ғайр аз ин Тезаурус тамоми калимаҳои дар осори хаттӣ ва адабӣ истифодашударо дар бар мегирад. Намунаи чунин Тезаурус «Тhеzаurus lunguae latinae» мебошад, ки дар Франция соли 1532 тартиб дода шудааст. Аз асарҳои дар асри 20 офаридашуда «Луғатномаи Деҳхудо ва луғати 17 ҷилдаи забони ҳозираи адабии русро Тезаурус шуморидан мумкин аст. Солҳои 70 якчанд Тезаурусҳои соҳавӣ ба миён омаданд.

book-1
Дар ин гуна Тезаурусҳо калимаҳо тафсир намешаванд. Як калима ҳамчун сарлавҳа (саркалима) интихоб шуда, калимаҳои мутародифи он паси ҳам чида мешаванд. Калимаи матлубро бо ёрии саркалима пайдо кардан мумкин аст. Бо нн роҳ на танҳо Тезаурусҳои соҳавӣ, балки Тезаурусҳои умумизабонӣ низ тартиб дода мешаванд.
Навъҳои дигари Тезаурусҳо луғатҳо (фарҳангҳо)-и осори хаттӣ, ёдгориҳои адабӣ мебошанд, ки тамоми калимаҳои онҳоро дар бар мегиранд. Фарҳангҳои калимоти истифодакардаи ягон адиб ё фарҳанги ягон асари ӯ низ Тезаурусҳо шуда метавонад. Масалан «Фарҳанги «Шоҳнома»-и муҳаққиқи олмонӣ Ф. Волф (Берлин, 1935). Баъзе шарҳҳои тореволюционии форс-тоҷикро Тезауруси як асари адабӣ гуфтан 1мумкин аст «Баҳори борон — шарҳи Гулистон»-и Муҳаммад Ғиёсуддини Ромпурӣ (асри 19)) ва ғайра.
В. Капранов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …