Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕЙЛОР Брук

ТЕЙЛОР Брук

teylor

ТЕЙЛОР (Тауlоr) Брук (18. 8. 1685, Эдмонтон, Мидлсекс —29. 12 1731, Лондон), математики англис, аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон (1712). Соли 1712 барои амали ба қатори дараҷагӣ паҳн намудани функцияҳо формулаи умумӣ ёфт (нигаред Қатори Тейлор). Тейлор ба омӯзиши математикии масъалаи лапиши тор ибтидо гузошт: назарияи тафриқаҳои боинтиҳоро таҳия сохт. У оид ба перспектива, маркази алвонҷ, парвози снарядҳо, таъсири мутақобили магнитҳо, капиллярнокӣ ва ғайра асарҳо навишт. Дар охири ҳаёташ ба масъалаҳои фалсафа низ шуғл варзид.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …