Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕХНЕСИЙ

ТЕХНЕСИЙ

ТЕХНЕСИЙ (лотинӣ Тесhnetium, аз юнонӣ technetos — сунъӣ), Тс, элементи химиявии радиоактив аз гурӯҳи VII системаи даврии Менделеев; рақами атоми 43, массаи атоми 98,9062. Технесий яке аз элементҳоест, ки мавҷудияти онро ҳанӯз пеш аз кашф шуданаш Д. И. Менделеев асри 19 пешгӯӣ карда буд. Дар табиат ба миқдори кам (10-10г дар 1 тон маъдани уран) ёфт мешавад Технесийро соли 1937 олимони итолиёвӣ Э. Сегре ва К. Перре ҳангоми бодейтрояҳо (ядроҳои вазнини гидроген) бомбаборон намудани ядроҳои молибден ба таври маснӯъ ҳосил намуданд ва он номи «технеций» (сунъӣ)-ро гирифт. Технесий изотопи собит надорад. Муҳимтарин изотопҳояш 99Тс (Т1/2 = 2,12.10-5 соk) ва 99mТс (Т1/2 = 6,04 соат) мебошанд.

texneciy

Технесий металли чакушхӯр ва ёзандаи хокистарранг аст; t гуд. 2200±500С, t ҷӯш. 4700°С, зичиаш 11500 кг/м3.
Дар ҳарорати 11,2°К ба фавқунноқил табдил меёбад. Фаъолияти химиявии Технесий ба манган ва рений хеле наздик аст. Дараҷаи оксидшавиаш аз —1 то +7 тағйир меббад. Бо оксиген оксидҳои ТС2О7 ва ТсО2, бо хлор ва фтор галогенидҳои 4—5 ва 6-валента, бо сулфур сулфидҳои Тс2S7 ва ТсS7 ҳосил мекунад. Кислотаи НТс04 (маҳлули гулобӣ) ва намакҳои МТс04 (М = Nа, К, NH4 ва ҒАЙРА). пайвастҳои органикии Технесий низ маълуманд. Комплексҳои — С5Н5Тс(.СО)3 ва ҒАЙРАИ Технесий аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ доранд. Асосан аз партовҳои саноати атомӣ дар шакли пайвастҳо ҳосил мекунанд. Технесий оксидкунандаи ниҳоят қавӣ ва ингибитори коррозияи металлҳо буда, барои сохтаня масолеҳи конструкционӣ истифода мешавад. Изотопи 99mТс дар тиб барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар ва ғадудҳо ба кор меравад. Онро ба сифати катализатор ва фавқунноқил низ истифода мебаранд. Бинобар элементи радиоактив буданаш ҳангоми бо он сарукор доштан қоидаҳои бехатариро риоя бояд кард.
Адабиёт: М. Грин, Металлоорганические соединения переходных элементом, Москва, 1072; Производство изотопов, Мостква. 1973; А. Г. Кульман, Общая химия, Москва, 1979. Г. Идрисов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …