Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕХНИКАИ ВАКУУМӢ

ТЕХНИКАИ ВАКУУМӢ

ТЕХНИКАИ ВАКУУМӢ, маҷмӯи услубҳо ва таҷҳизотеро гӯянд, ки барои ҳосил кардан, нигоҳ доштан ва назорат намудани вакуум истифода мешавад, Таърихи тараққиёти физикаю химия ва инчунин як қатор соҳаҳои саноат бо инкишофи Техникаи вакуумӣ зич алоқаманд аст. Тараққиёти пуравҷи Техникаи вакуумӣ бошад, бо инкишофи электроника, энергетикаи ядроӣ, техникаи суръатфизоҳо вобастагӣ дорад.
Комёбиҳои ҳозираи соҳаи тақтири вакуумӣ, васеъ паҳн шудани процессҳои вакуумию металлургӣ ва вакуумию химиявӣ, корҳои тадқиқотӣ дар соҳаи реакцияҳои термоядроии идорашаванда, техникаи ҳосил кардани плёнкаҳои нафис, масолеҳи тоза барои аппаратҳои парвози кайҳонй ва санҷиши онҳо дар шароитҳои ба кайҳон наздик фақат ба туфайли дараҷаи баланди инкишофи Техникаи вакуумӣ имконпазир гардиданд.

tex-vakuumi
Техникаи вакуумиро чӣ дар саноат ва чӣ дар таҷрибаҳои (амалия) лабораторӣ истифода мебаранд. Олатҳои Техникаи вакуумӣ дар физикаи эксперименталии ҳозиразамон кори бисёр асбоб ва дастгоҳҳои электрофизикиеро таъмин мекунанд, ки дар онҳо дастаи зарраҳои заряднок ба ҳаракат оварда мешаванд. Тадқиқи хосиятҳои физикии сатҳи ҷисмҳои сахт ва инчунин баъзе тадқиқоте, ки ҳосил кардани газҳои холисро талаб мекунанд, фақат дар вакууми фавқулазим имконпазиранд.
Барои ҳалли бисёр масъалаҳои мураккаби илм ва техника вакууми 10-14 Па (10-16 мм сут. сим) инчунин чен кардани ин хел фишорҳо заруранд. Барои ин асбобҳои мукаммали ченкунӣ, усулҳои санҷишӣ ниҳоят дақиқи ибритӣ ва дигар тадбирҳо даркоранд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …