Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕХНИКАИ РӮШНОӢ

ТЕХНИКАИ РӮШНОӢ

ТЕХНИКАИ РӮШНОӢ, як соҳаи илму техникаро гӯянд, ки бо тадқиқи принципҳо ва эҷоди тарзҳои ҳосилкунӣ, азнавтақсимкунии фазоӣ, ченкунии хусусиятҳои шуоъафкании оптикӣ (рӯшноӣ) ва табдил додани энергияи рӯшноӣ бо дигар намудҳои энергия машғул аст. Техникаи рӯшноӣ инчунин масъалаҳои такмили конструкторию технологии мавбаъҳои рӯшоӣ, асбобу олоти рӯшноидиҳанда, шуоъафкананда, сигналдиҳанда, системаи идораи манбаъҳои рӯшноӣ, масъалаҳои муқаррар намудани меъёр, лоиҳакашӣ, ҷиҳозонӣ ва ба моддаю организмҳои зинда таъсир расонидани рӯшноии сунъию табииро меомӯзад.

791

Дастгоҳҳои Техникаи рӯшноӣ аз рӯӣ таъиноташ рушноидиҳанда, сигналдиҳанда ва шуоъафкан мешаванд.
Техникаи рӯшноии кинематографӣ ва Техникаи рӯшноии бинокорӣ низ мавҷуданд. Техникаи рӯшноии кинематографӣ масъалаҳои гуногуни татбиқи рӯшиниро дар ҳамаи марҳилаҳои процесси кинематографй ҳал карда, Техникаи рӯшноии кинонаворгирӣ (бо тадқиқи манбаъ, асбобу афзори рӯшноидиҳанда ва татбиқи он дар кинонаворгирӣ машғул аст), Техникаи рӯшноии нусхабардории филмҳо (барои аппаратҳои филмнусхабардор системаҳои рӯшноидиҳанда ва асбобҳои рӯшноиченкунандаро кор карда мебароранд) ва Техникаи рӯшноии кинопроекция (баланд бардоштани сифати намоиши филмҳо, сарфакорӣ ҳангоми истеҳсоли онҳо ва содда кардани хизмати дастгоҳҳои кинопроекционӣ) -ро дар бар мегирад. Техникаи рӯшноии бинокорӣ як қисми физикаи бинокорӣ буда, қонуниятҳои дар биноҳо паҳн ва тақсимшавии энергияи рӯшноии Офтоб ва манбаъҳои сунъии рӯшноӣ, хосиятҳои оптикии масолеҳ ва конструкцияҳои бинокорӣ, таъсири рӯшноӣ ба намои хона ҷиҳатҳои эстетикии рӯшноӣ дар меъмории биноҳои ҷамъиятӣ, майдону хиёбонҳои шаҳр ва ғайраро меомӯзад. Он инчунин усулҳои оқилонаи лоиҳакаши ва сохтани биноҳо, конструкцияҳои рӯшноишаффоф, василаҳои офтобпаноҳ ва асбобу дастгоҳҳои рупноидиҳандаро дар бар мегирад.
Б. Наврӯзов, Т. Ҷӯраев.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …