Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕХНИКАИ ҲАРБӢ

ТЕХНИКАИ ҲАРБӢ

ТЕХНИКАИ ҲАРБӢ, аслиҳа, мошинҳои ҷангӣ ва ғайриҷангӣ, асбобу дастгоҳ ва дигар воситаҳои техникиро гӯянд, ки бо онҳо қувваҳои мусаллаҳ ҷиҳозонида мешаванд. Вобаста ба таъинот Техникаи ҳарбии муосирро ба аслиҳа (маҷмӯи аслиҳаи гуногун ва воситаҳои таъминоти истифодаи онҳо), ҳомили аслиҳа, воситаҳои техникии идораи қӯшунҳо ва воситаҳои ҷангӣ, инчунин воситаҳои таъминкунандаи амалиётҳои ҷангӣ, воситаҳои техникии таълимӣ, пропаганда ва таҷҳизоти полигонҳо ҷудо мекунанд. Дар ҳуҷҷат ва адабиётҳо ба ҷои истилоҳи Техникаи ҳарбии бештар истилоҳи «техникаи ҷангӣ» истифода мешавад.

tex-harbi

Ин истилоҳ дар натиҷаи ба таври ғайрирасмӣ ба Техникаи ҳарбии ҷангӣ ва Техникаи ҳарбии ёрирасон ҷудо намудани Техникаи ҳарбии пайдо шудааст. Бинобарин аслиҳа ва ҳомили он (масалан, танк, самолёт, киштӣ), инчунин баъзе комплексҳо ва намунаҳои аслиҳаро шартан Техникаи ҳарбии ҷангӣ меноманд. Техникаи ҳарбӣ аз қадим маъмул буд. Инкишофи минбаъдаи Техникаи ҳарбӣ ба он вобаста аст, ки дар корҳои ҳарбӣ кадом навъи метал, борут, мошинҳои буғӣ муҳаррикҳои дарунсӯз ва дигар комёбиҳои илму техника истифода мешаванд. Техникаи ҳарбӣ хусусан дар охири асри 19 ва нимаи якуми асри 20 (асосан ба сабаби Ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ) босуръат инкишоф ефт. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қувваҳои Мусаллаҳи СССР бо техникаи баландсифат таъмин карда шуд. Роҳбарони соҳаҳои асосии саноати мудофиаи СССР Д. Ф. Устипов, Б. Л. Ванников, В. А. Малышев, А. И. Шахурин ва дигар дар ташкили истеҳсолоти Техникаи ҳарбӣ саҳми калон гузоштаанд. Техникаи ҳарбии баъдиҷангӣ дар асоси комебиҳои электроника, радиотехника, авиация, техникаи ядро, техникаи ҳисоб, лазер ва ғайри инкишоф меёбад. Аслиҳаи ракетию ядрои, авиацияи реактивӣ, киштиҳои зериобии атомӣ, системаҳои автоматонидашудаи идора, воситаҳои радиоэлектронӣ сохта, намудҳои муқаррарии аслиҳа такомул дода шудавд. Ин аслиҳаҳо Техникаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Советиро ба куллӣ тағйир доданд. Тараққиёти мунтазами илм ва иқтисодиёт таҳкурсии асосии Техникаи ҳарбии замонавӣ мебошад. А.М. Власов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …