Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕХНИКАИ ЧЕНКУНӢ

ТЕХНИКАИ ЧЕНКУНӢ

ТЕХНИКАИ ЧЕНКУНӢ, техникаи андозагирӣ, як соҳаи илм ва технлкаро гӯянд, ки усулу воситаҳои бо роҳи таҷриба ҳосил кардани ахборро дар бораи бузургиҳо меомӯзад. Ин бузургиҳо бошанд, хусусият ва ҳолатҳои объектҳои тадқиқот ва процессҳои истеҳсолотро ифода мекунанд. Техникаи ченкунӣ аз давраҳои қадим маълум аст. Ҳазораё чанд то милод барои чен кардани вазн, сатҳи қитъаҳои Замин, вақт, кунҷ, масофа, ҳаҷм ва ғйра асбобҳои одди истифода мешуданд.

tex-chenkuni

Дар асрҳои 16— 18 баробари тараққиёти физикаи таҷрибавӣ Техникаи ченкунӣ ҳам мукаммал гардида, доираи истифодааш васеъ шуд. Ба ин такмили соат, ихтирои микроскоп, барометр, термометр, аввалин асбобҳои ченкунии электрӣ мусоидат карданд.
Дар сохтусози асбобҳои ченкунӣ ва таҳияи назарияи онҳо олимони бузург Г. Галилей, И. Нютон, X.Гюйгенс ва дигарон иштирок кардаанд. Аввали асри 20 Техникаи ченкунӣ инкишоф ёфт. Техникаи ченкунии электрӣ ва баъдтар электронӣ барои чен кардани бузургиҳои механикӣ, ҳароратӣ, оптикӣ, дар таҳлили химиявӣ, дар кофтуковҳои геологӣ ва ғайра истифода мешуд. Соҳаҳои нави радиоченкунӣ, спектроскопӣ ва ғайра ба вуҷуд омада саноати асбобсозии ченкунӣ ташкил шуд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …