Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕТРАХОРД

ТЕТРАХОРД

ТЕТРАХОРД (аз тетра… ва юнонӣ— хор), қаторовози чорзина дар ҳудуди квартаро гӯянд. Дар як октава ду Тетрахорд аст. Дар назарияи мусиқии Юнони Қадим Тетрахорд асоси ҳар як парда ва ҳамаи қаторовози мусиқӣ буд. Тетрахорд аз боло ба поён сохта шуда, вобаста ба мавқеи нимлаҳн Тетрахорди дорийӣ, фригии ва лидии (номи лаҳнҳои Юнони Қадим) аз ҳамдигар фарқ доштанд. Ин Тетрахордҳо дорои майли диатоникӣ мебошанд, Инчунин Тетрахордҳои бо фосилаи якуним лаҳнӣ (хроматикӣ) ва бо фосилаи тахминан 1/4 лаҳнӣ ва 2 лаҳнӣ (энгармоникӣ) вуҷуд доштанд. Номи Тетрахорди диатоникӣ дар назарияи мусиқии муосир ҳам маъмул аст, вале на ба он маъние, ки дар назарияи мусиқии юнониён истифода мешуд. Зеро Тетрахорди дории ҳоло фригий номида мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …