Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Димнаи ТЕШИКҚАЛЪА

Димнаи ТЕШИКҚАЛЪА

ТЕШИКҚАЛЪА димнаи кӯшки мансуб ба асрҳои 6—8 (замони африғиҳо), ки дар воҳаи Бургутқалъаи Хоразм воқеъ гаштааст. Кӯшк тақрибан дар маркази ҳавлии чоркунҷа ҷойгир аст. Сатҳи ҳавлӣ зиёда аз 10000 м2.
Дар натиҷаи таҳқиқи бозёфтҳо маълум гардид, ки деворҳои дохилии Тешикқалъа ва хонаи дар маркази кӯшк буда тахминаи ба асри 6, деворҳои ғафси беруна ва бинои асосии кӯшк ба аввали ачри 8 мансуб мебошанд. Дар охири асри 8 дар Тешикқалъа ҳаёт қатъ гардидааст.
Адабиёт: Толстов С. П., Древний Хорезм, Москва, 1948.
Ӯ. Пулодов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …